Адаш Истад: Тоҷикистон маро фаромӯш кард

Имрӯз зодрӯзи нависандаи маъруф, яке аз асосгузорони жанри фантастика дар адабиёти тоҷик Адаш Истад аст, ки дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Самарқанд кӯчид.

Адаш Истад – нависанда, журналист ва блогери тоҷик. Дорандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ соли 1990. 7 сентябри соли 1946 дар Самарқанд ба дунё омада, соли 1969 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст. Солҳои тӯлонӣ дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Маданияти Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», радиои Тоҷикистон, нашрияҳои «Овози Самарқанд», «Овози тоҷик», радиои «Озодӣ», радиои «Садои Хуросон» фаъолият кардааст.

Китобҳояш «Мавҷи хаёлот»(1970), «Суруди офтоб» (1974), «Замир»(1978), «Дарахти пахтачормағз» (1981), «Баъди ҳазор сол» (1988), «Борбад» (ба забони русӣ) ва «Ҳикояҳо аз рӯзгори Борбад» (1990) «Парвози меъмор» (1985), «Чароғи сеҳрнок» (1989), «Оҳангҳои Самарқанд» (2008) ва ғайра маҳбубият пайдо кардаанд. Садҳо навиштаи ӯ дар рӯзномаву маҷаллаҳо нашр шудааст.

Соли гузашта хабарнигори мо Одил Нозир бо устод Адаш Истад суҳбат карда буд, ки онро пешкаши шумо мегардонем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *