Адаш Истад: Гамбуски сиёҳ бачаи худро сафедакам мегӯяд

Рӯзи 23 октябр дар саҳифаи сомонаи Tajikistantimes.com мусоҳибае бо Содиқ Нуруллоев, муовини раиси Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе дар шакли матн чоп ва видеояш пахш шуд.

Дар мусоҳиба суҳбат дар атрофи натоиҷи сафари ҳунарии театр ба шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон дар рӯзҳои 13-19 октябри соли ҷорӣ сурат гирифт.

Мусоҳиб Содиқ Нуруллоев дар ҷараёни суҳбат ба эродҳои Адаш Истад, нависанди саршиноси тоҷики муқими Самарқанд низ посух гуфт.

Адаш Истад дар саҳифаи Фейсбуки худ дар мавриди кам будани теъдоди тамошобинон ба намоишномаҳои театр ишора карда ва дар маҷмӯъ сафари ҳунарии театрро ба Самарқанд “беҳуда” арзёбӣ карда буд.

Дар пайи пахши мусоҳибаи Содиқ Нуруллоев, муовини раиси Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе дар сомонаи Tajikistantimes.com Адаш Истад дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар мавриди он ибрози назар кардааст:

“Мусоҳибаи ин нашрияро бо маъмури театр дар Интернет хондам ва ҳам шунидам.

1. Маъмурияти театри опера ва балет аз қабули гарми самарқандиён розӣ будааст, ки ба мо самарқандиён форид ин суханҳо.

2. Опереттаи «Найрангҳои Майсара» классика будааст ва классика кӯҳнашавӣ надоштааст. Ин баҳои баланд ба Шавкат Холилзода аст, ки ба классика навоварӣ даровардааст! Табрик мекунам Шавкатро!

3. Дигар ҳама эродҳои Адаш Истад дурӯғ будаанд, яъне ҳатто дар буклет ва эълонҳо ягон хато набудааст. Ҳатто тан нагирифтаанд, ки Амина Шарофиддинова, Хуршед Маҳмудов барин фаъолон ба ҳама мактабҳои тоҷикӣ ва фаъолони гузарҳои шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишин муроҷиат карда барои пур кардани толор хеле заҳмат кашиданд.

4. Ҳамагӣ бо ду спектакл (яке барои кӯдакон) ба як республикаи ҳамсоя ба сафари ҳунарӣ рафтани калонтарин театри машҳури опера ва балет амали дуруст будааст.

Куҷостанд он опера ва балетҳои машҳур? Ба шумо чӣ шуд?

Мақоли хуби мардумист: Гамбуски сиёҳ бачаи худро сафедакам мегӯяд.

Мардум, аз ин ҳарфҳо худ ҳақиқатро дарёбед”.

https://tajikistantimes.com/tajikistan/safari-teatr-ba-samar-and-be-uda-nabud-video/

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *