Аз Фонди Президент ба нашри китоб маблағ ҷудо гардид

Китоби тозанашри Раҷабалӣ Қудратзода таҳти унвони “Гулбонги бӯи ҷӯи мӯлиён” бо теъдоди 1000 нусха аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” иттилоъ дод.

Китоби мазкур зери назари профессор Абдунабӣ Сатторзода ва Муҳаммад Ғоиб таълиф шуда, ба рӯзгор ва осори Одамшуарро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида шудааст.

Нашри ин китоб дар ҳолест, ки саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро мавҷи дуюми пандемияи КОВИД-19 фаро гирифтааст ва қисми зиёди сарчашмаҳои молиявӣ барои мубориза бо ин маризӣ равона гардидааст.

“Гулбонги бӯи ҷӯи мӯлиён” тӯҳфаи хубест бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Амони Муҳаммад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *