Китоби Президент соҳиби Шоҳҷоиза гардид

Китоби “Горизонты независимости”-и Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 17-умин озмуни байналмиллалии “Санъати китоб”, ки чанде қабл дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор гардида буд, соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.

Озмуни мазкур тариқи онлайн баргузор гардида, дар он намояндагон аз 6 кишвари узви ИДМ-Ҷумҳурии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Руссия 75 китоб пешниҳод намуданд.

Дар назар аст, ки ғолибони озмун дар Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии китоб, ки аз санаи 4-ум то 7-уми сентябр дар шаҳри Москва доир мегардад, бо диплом ва ҷоизаҳои Кумитаи Иҷроияи ИДМ сарфароз гардонида мешаванд.

Амони Муҳаммад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *