«Ҷоми бонкҳо» -ро ҶСК «Бонки Эсхата» бадаст овард
Дар доираи барномаи ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Фонди олмонии хазинаҳои амонатӣ оид баҳамкории байналмилалӣ аз 16- 20 апрели соли равон дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки панҷ даста аз бонкҳои тиҷоратии кишвар — ҶСК «Коммерсбонки Тоҷикистон», ҶСК «Бонки Эсхата», ҶСК «Ориёнбонк», ҶСП «Спитаменбонк» ва ҶСК «Соҳибкорбонк» мусобиқаи соҳавии «Ҷоми бонкҳо» баргузор гардид.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур, баланд бардоштани маҳорати идоракунии (менеҷмент) кормандони роҳбарикунандаи зинаҳои болоӣ ва миёнаи бонкҳо маҳсуб меёбад.
Мусобиқа дар шакли бозӣ гузаронида шуда, дар рафти сабқат аз ҷониби дастаҳо масъалаҳои гуногун оид ба фаъолияти бонкӣ, аз қабили банақшагирии пардохтпазирӣ, тарифҳо оид ба амалиётҳои дороиҳо ва уҳдадориҳо, идораи хавфҳо, стратегияи бонкӣ, банақшагирӣ ва бозомӯзии кормандон, таҳлили нишондиҳандаҳои бонкӣ ва маркетинг мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор гирифтанд.
Дар доираи мусобиқа дастаҳо барои ноил гардидан ба идораи дуруст ва самаранокии фаъолияти корӣ бо барномаҳои шартии тавозуни ҷудогонаи солона ва нишондиҳандаҳои ба он вобаста дар панҷ марҳила фаъолияти ташкилоти шартии худро муаррифӣ намуданд.
Дар рафти мусобиқаи панҷрӯза дастаи ҶСК «Бонки Эсхата» бо муаррифии беҳтарин барнома ғолиби ин сабқат дониста шуда, соҳиби «Ҷоми бонкҳо» гардид.
Ҷомро ба ғолибони мусобиқа муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода дар ҳузури масъулини Фонди олмонии хазинаҳои амонатӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ Татяна Фелдган ва Инна Мазур тақдим намуда, барои дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои бадастомада ба иштирокдорони мусобиқа комёбиҳо таманно кард.
Қобили зикр аст, ки баргузории мусобиқаҳои мазкур байни бонкҳо ба рушди низоми бонкӣ ва беҳтар шудани маҳорат ва малакаи касбии кормандони ташкилоти қарзӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ