Тоҷикистон: ниммарафони IX байналмилалӣ ғолибони худро ёфт

Ниммарафони IX байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки рӯзи 21-уми апрел, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии Тефера Гоза аз Эфиопия ва Даря Маслова аз Қирғизистон ба поён расид.

Дар ниммарафони байналмилалӣ, ки бо тасмими раиси шаҳри Душанбе сар аз соли 2010 нӯҳумин бор барпо гардид, ҳудуди 50 варзишгар аз 18 кишвар ширкат дошт. Ниммарафон, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар гирифт, аз “Наврӯзгоҳи пойтахт” шуруъ шуда, дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ хотима ёфт.

Дар ниммарафони IX байналмилалӣ дар сабқати мардон Тефера Гоза аз Эфиопия бо натиҷаи 1 соату 9 дақиқаю 3 сония мақоми аввалро касб кард. Маана Ретер Курушбу аз Кения (1:05,05) мақоми дувум ва Фенте Гирша аз Эфиопия (1:05,39) мақоми севумро соҳиб шуданд. Адилет Киштанбеков (Қирғизистон, 1:07,05) ҷойи чаҳорум, Иля Тапкин (Қирғизистон, 1:07,15) ҷойи панҷум ва Андрей Петров(Узбекистон, 1:08,27) ҷойи шашумро ишғол карданд.

Дар сабқати занон Даря Маслова аз Қирғизистон бо натиҷаи 1 соату 13 дақиқаю 38 сония мақоми аввалро касб намуд. Мария Хмелнитская (Узбекистон, 1:16,05) мақоми дувум ва Ситора Ҳамидова (Узбекистон, 1:14,19) мақоми севумро соҳиб шуданд. Александра Шафар (Украина, 1:17,53) ҷойи чаҳорум, Мария Коробитеная (Қирғизистон, 1:18,54) ҷойи панҷум ва Мурунги Бетти Касамбӣ(Кения, 1:20,55) ҷйи шашумро гирифтанд.

Шаҳрдорӣ барои баргузории ниммарафони IX байналмилалӣ 398 ҳазору 53 сомонӣ (ҳудуди 45 ҳазор доллари ИМА) ихтисос дода буд. Варзишгароне, ки дар ин ниммарафон миёни занону мардон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро гирифтанд, бо ҷоизаҳои молӣ ба маблағи аз 13 ҳазору 350 сомонӣ то 31 ҳазору 150 сомонӣ сарфароз гаштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *