Ҷоми ФФТ: «Равшан» дар гурӯҳи «Б» якум
15 феврал дар марҳилаи финалии дарёфти Ҷоми ФФТ-2017, дар гурӯҳи «Б», вохӯриҳои даври дуюм доир шуданд.
«Равшан»-и Кӯлоб дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро пас аз задани голи ягонаи Саидхони Амрохон, дар дақиқаи 39-уми бозӣ, мағлуб намуд.
Бозии дигар байни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Ҳосилот» дар натиҷаи ҳисоби мусовии 1:1 ғолибро муайян накард. Фархорӣ Навруз Рустамов ҳисоби бозиро дар қисми аввал кушода, дастаашро пеш баровард. Ба анҷоми вохӯрӣ панҷ дақиқа монда буд, ки хуҷандӣ Манучеҳр Аҳмадов ҳисобро баробар кард – 1:1.
Ҳамин тавр, «Равшан» бо 4 хол дар гурӯҳи «Б» пешсаф шуда, «Кӯктош» бо 3 хол дуюм аст. «Ҳосилот» бо 2 хол сеюм ва «Хуҷанд» бо 1 хол чорумин мебошанд.
17 феврал даври сеюми бозиҳо дар гурӯҳи «Б» миёни дастаҳои «Равшан» — «Хуҷанд» ва «Кӯктош» — «Ҳосилот» баргузор мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ