Толеъномаи 17 феврал

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рўз корҳоятон барор намегиранд. Ҳаққи хизмати худро низ сари вақт ба даст оварда наметавонед. Мушкиливу уҳдадориҳои зиёде сар мезананд, ки дарҳол бояд аз пайи рафъ карданаш шавед. Кўмаки шумо дар ин рўз ба бисёриҳо лозим мешавад. Ба дўстдоштаи худ бовар карданро омўзед, вагарна ўро аз даст медиҳед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рўз асабӣ шудану ба ѓазаб омаданатон эҳтимол дорад. Агар худро ба даст нагиред, бо аҳли оилаи худ муноқиша мекунед. Бо наздикони худ муносибатро вайрон накунед, вагарна руҳафтода мегардед. Хуб мебуд, ки ҷарроҳиҳои тиббиро ба таъхир гузоред. Мушкилиҳои пулиятон хеле хуб анҷом меёбанд.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Бо вуҷуди тира будани ҳаво самои қалби шумо дар ин рўз офтобӣ аст. Ба ѓизои мехўрдаи худ бодиққат  бошед, барои саломатии сутунмуҳраи худ машқ кунед, вагарна дар сафари роҳи дур азоб мекашед. Аз худхоҳиву худпарастӣ худдорӣ намоед ва танқиди одилонаро қабул намоед. Баъди нисфирўзӣ аз ошиқатон хабари хуш мешунавед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рўйихати хароҷотҳои худро барои рўзҳои наздик тартиб диҳед, ҳангоми сарф кардани маблаѓ боақлона рафтор кунед. Нисбати нафароне, ки чӣ будани меҳрубониро намедонанд, меҳрубонӣ зоҳир намоед. Бо шахси дўстдоштаатон ба ҳамдигарфаҳмӣ омада наметавонед. Баъди нисфирўзӣ хастагиву асабониятатон зиёд мегардад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Ҳангоми суҳбат бо роҳбарият нуқтаи назари худро иброз накунед, вагарна садди роҳи пешравиятон дар вазифа мегардед. Нисбати шахси дўстдоштаатон бепарвоӣ зоҳир накунед. Барои нафарони эҷодкор рўзи бобарор аст. Аз шиносоӣ бо нафаре даромади пулӣ ба даст меоред. Баъди нисфирўзӣ каме худро нотоб ҳис мекунед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Барои нафарони эҷодкор рўзи бобарор аст. Шиносоӣ бо нафаре ё ҳодисаи ногаҳоние рух медиҳад, ки даромади пулӣ ба даст меоред. Нисбати шахси дўстдошта фармонфармоӣ накарда, нуқтаи назари ўро шунавед. Барои пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ масунияти худро мустаҳкам карданатон лозим аст.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рўзи орому бобарор аст. Барои ҳар рўзи нави худ шукрона кунеду дилхушӣ намоед. Аз изҳори муҳаббат кардани дўстдоштаи худ ҳайрон нашавед, зеро дар ин рўз дилкашу дилработар мегардед. Вазъи пулиятон хуб асту корҳои рўзгорро бояд фавран ба анҷом расонед. Агар шамол хўрданатонро ҳис кунед, беҳтараш аз ҷойи кор ҷавоб гирифта, наѓзакак табобат кунед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рўз чунон корҳоятон зиёд мешаванд, ки вақти сархорӣ намеёбед, хеле рўзи серташвиш аст. Баъди даву този зиёд аз дидори нафари бароятон азиз шод мегардед. Ақрабҳое, ки нияти оиладор шуданро доранд, бояд наѓзакак фикр карда, баъдан қадами муҳими ҳаёти худро гузоранд. Саломатиятон дар ин рўз ташвиш намедиҳад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Танбалӣ ва фикри фардоро накарданатон боиси нофаҳмиҳои хурд мегарданд. Агар ба худ бовар дошта бошед, вазъиятро ислоҳ карда метавонед. Нияти ба маѓозаву бозор рафтанро дошта бошед, дар ҳамин рўз харидҳоятон бобарор мешаванд. Вазъи саломатии шумо аз худатон вобастагӣ дорад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рўз табъи гирифтаву хотири парешонатон аз атрофиён пинҳон намемонад. Ин натиҷаи хастагӣ ва бехобиятон аст. Корҳои нотамом, хабари нохуш ва мушкилиҳои ҳаёти шахсӣ имкон намедиҳанд, ки наѓзакак истироҳат намоед. Барои ба худ омадан бештар дар ҳавои тоза сайр кунед, вагарна руҳафтодагии зиёд ба саломатиятон беасар намемонад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Нафаре аз наздикон ё хешовандон кўмаки молиявӣ мерасонад. Барои таъмир ва ободонии хонаву дар рўзи мусоид аст. Дар ҳаёти шахсӣ барои сари қарори муҳиме омадан, шитоб накунед, вагарна баъди пушаймон шудан чизеро баргардонида наметавонед. Нафароне, ки бо тиҷорат машѓуланд, ба сафари роҳи дур мебароянд.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Қабл аз он ки бо коре машѓул шавед, бояд аз маслиҳату дасгирии дўстони наздик истифода баред. Имкони иваз намудани касбу кор ва ба хориҷа сафар карданатон зиёд аст. Аз ѓами дурии ёр дарун ба дарун хун мехуред. Аз яку якбора таѓйир ёфтани табъатон эҳтиёт шавед, эҳтимол ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор шавед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *