“Ҷоми Иттиҳод» барҳам хӯрд. ИДМ чӣ?

Мухлисони футбол аз як мусобиқаи  байналмилалӣ, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳар сол моҳи январ сурат мегирифт, маҳрум карда шуданд.

Дар ин бора вазири варзиш ва президенти Иттиҳодияи футболи Русия (РФС) Виталий Мутко дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи РФС рӯзи шанбеи  23 июли соли равон  хабар додааст.

-«Ҷоми Иттиҳод” барҳам хӯрд , — шарҳ медиҳад Виталий Мутко. – Зеро он моҳияти худро гум кардааст. Баҷойи он Ҷоми Гранаткинро идома медиҳем.

Ёдовар мешавем, дар Ҷоми Иттиҳод нахуст қаҳрамонҳои кишварҳои собиқи шӯравӣ, баъдан дастаҳои мунтахаби ҷавонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил ва дигар кишварҳо ширкат мекарданд.

Дар ин мусобиқоти байналмилалӣ аввал қаҳрамонҳои футболи Тоҷикистон ва аз соли 2012-ум мунтахаби ҷавонони кишвар иштирок доштанд.

Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *