Олег Газманов ба Сурия рафт

Ҳунарманди халқии Руссия Олег Газманов бо барномаи консертӣ ба Сурия сафар кард. Дар онҷо Олег Газманов барои Хизматчиёни ҳарбии рус ҳунарнамоӣ кард. Ба ҷуз хизматчиёни ҳарбӣ сокинони русзабони Лотакия низ тавонистанд аз ин барномаи фарҳангӣ фароғати ҳаловат баранд. Дар консерт ҳамроҳи Газманов ҳунармандони Маркази фарҳангии Қувваҳои мусаллаҳи Росссия низ ширкат доштанд. «Гурӯҳи мо ба тамоми дунё нишон медиҳад,ки мо баъзе аз кишварҳои сеюм набуда балки  як кишвари тавонову абарқудратем,ки метавонем ҳуқуқҳои хешро ҳимоя кунем» қайд кард Газманов. Ба гуфти  Газманов вай бисёр вақт пеш мехост баҳри дастгирии низомиёни рус ба Сурия биёяд.

Сардори Вазорати мудофиаии фарҳангӣ Антон Губанов гуфт,ки «Ҳунармандоне,ки дар базаи Хмеймим ҳунарнамоӣ мекунанд аз рӯйи пурсише,ки байни кормандони ҳарбӣ гузаронида мешавад интихоб карда мешаванд. Газманов дар ин рӯйхат яке аз авалин интихобшудагон буда билохира омад. Муҳтавои сурудаҳои ӯ пур аз ғояҳои ватандустӣ буда вай ҳамеша бо артиш буд. Газманов як узви Шӯрои ҷамъиятии Вазорати мудофиа аст ва мо ҳамеша аз дидори ӯ хуш ҳастем» илова намуд Губанков

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.