Ҷоми ғолибият насиби Тахмина мешавад ё Фарзонаи Файз?

Ин ҳафта барои ҳунармандоне, ки дар озмуни “Ягона аз даҳгона” ширкат меварзанд, тақдирсоз ба шумор меравад, зеро то ҷамъбасти озмун ҳамагӣ чанд рӯзи дигар боқӣ мондааст.
Айни замон рақобат байни ду актрисаи  ҷавону зебои тоҷик-Фарзонаи Файз ва Тахмина Раҷабова хеле шадид ҷараён дорад. Мухлисони Фарзонаи Файз ба ҷонибдории ин зебосанам хеле фаъолона овоз дода, ӯро ба қатори пешсафони озмун дохил намуданд, вале ошиқони ҳунари волои Тахмина Раҷабова паст наомада, бо фиристодани лайкҳои зиёд имкон надоданд, ки Фарзона аз Тахмина пеш гузарад. Тахмина Раҷабова алъон 1455 овоз дорад, шумораи лайкҳои Фарзона бошад акнун ба 1200 расидааст. Ҳаводорони Фарзонаи Файз баъди тамошои сериали  “Бедил” бори дигар ба ҳусни оламсӯз ва истеъдоди ин гулбадан қоил шуда, ӯро беҳтарин мешуморанд, аммо ҳаводорони Тахмина Раҷабова дар ин мавзӯъ назари дигар доранд. Ба андешаи касоне, ки сериали  “12 соли интизорӣ”-ро тамошо кардаанд, Тахмина ҳамчун актриса беҳамтост ва бояд ғолибият дар ин озмун насиби ин зебосанам гардад. Шумораи овозҳо ҳар лаҳза тағйир ёфта, метавонад боиси якбора иваз шудани мавқеи довталабон дар озмун гардад, аз ҳамин хотир мо аз пешгӯӣ кардан дар мавриди он ки кадоме аз ҳунармандон дар озмун ғолиб меояд, худдорӣ менамоем. Танҳо ҳаминро хотиррасон мекунем, ки ҳаводорони Моҳпайкар Ёрова ва Мавлона Наҷмиддинова низ дар овоздиҳӣ бисёр фаъол ҳастанд ва мехоҳанд ғолибият насиби яке аз ин ҳунармандони касбӣ гардад, зеро ин ду бонуи хушзавқу хушсалиқа кайҳо ба пояи устодӣ расидаанд.  Моҳпайкар Ёрова айни замон 1100 овоз дорад, агар мухлисонаш боз камтараки дигар кӯшиш намоянд, чашидани шаҳди ғалаба ба ин ҳунарманди ҳирфаӣ насиб мегардад.

Мардон чун дар дигар соҳаҳо дар санъат низ аз бонувон як қадам қафо қадам мезананд. Дар байни намояндагони ҷинси зариф айни ҳол Набиҷон Пирматов бо 1030 овоз пешсаф буда, ӯро Музаффар Шодиев бо 830  ва Шуҳратшои Раҳматулло бо 710 лайк думболагирӣ мекунад. Даври сеюми озмуни “Ягона аз даҳгона”-и сомонаи “Тajikistantimes.tj” байни ҳунармандони театр ва кино идома дорад ва ғолибро шумораи овозҳое, ки шумо, хонандагони азиз  ба ҷонибдории ҳунармандони ҷавон, вале хушзавқу машҳури тоҷик медиҳед, муайян хоҳад кард! Фурсатро аз даст надода ба сомонаи “Тajikistantimes.tj” ворид шавед ва банери озмуни “Ягона аз даҳгона”-ро зер карда, бо довталабони озмун шинос шаведу ба зери номи ҳунарманде, ки ӯро дар байни ин даҳгона беҳтарин ва ягона мешуморед, лайк гузоред ё  анкетаи озмунро аз ҳафтаномаи “Оила” бурида бигиред ва онро пур карда бо суроғаи зерин ба мо фиристед: ш. Душанбе, хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *