Шералӣ Мирзо: 1 миллиону 270 ҳазор афсари эҳтиётӣ дорем

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 26-уми апрел бо қабули тағйирот ба қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” синни нафақаи низомиёнро боло бурд. 

Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон зимни шарҳи лоиҳа дар парлумон гуфт, қаблан барои баромадан ба нафақа 20 сол собиқаи корӣ лозим буд: “Ҳозир собиқаи корӣ барои баромадан ба нафақа ба 25 сол расонда шуд”.

Вазири мудофиа синни нафақаи низомиёни дорои рутбаҳои гуногунро номбар карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки синни нафақаи генерал полковник аз 60 ба 63 ва генерал лейтенант аз 55 ба 58-солагӣ расонда шуд.

Ҷаббор Ахмедов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Шералӣ Мирзо хост, мавқеи ниҳодашро дар мавриди роҳандозии хидмати алтернативӣ рӯшан созад. Ахмедов афзуд, ки хизмати алтернативӣ дар баъзе кишварҳо роҳандозӣ шуд ва он дар Тоҷикистон низ барои таъмини адолати иҷтимоӣ мувофиқи мақсад мебуд.

Шералӣ Мирзо гуфт, аз ҷониби гуруҳи корӣ лоиҳа дар бораи хидмати алтернативӣ таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод гардид. Ӯ афзуд, феълан ин масъала дар баррасии ҳукумат аст ва роҳандозии хидмати ҳарбӣ аз хулосаи ҳукумат вобаста аст.

Дар мавриди пешниҳоди вакилон барои кушодани кафедраҳои ҳарбӣ дар тамоми муассисаҳои олии таълимӣ вазири мудофиа гуфт, феълан барои ин шароити молӣ муҳайё нест ва самти кори баъзе муассисаҳои олии таълимӣ аз соҳаи низомӣ дур аст.

Шералӣ Мирзо афзуд, ки дар ҳолатҳои ҷанг ё ягон сафарбаркунӣ ба 45 ҳазор афсари эҳтиётӣ ниёз дорем: “Ҳозир 1 миллиону 270 ҳазор афсари эҳтиётӣ дорем. Ҳар сол беш аз 7 ҳазор донишҷӯён кафедраҳои ҳарбиро хатм мекунанд”.

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба вазири мудофиа пешниҳод кард, ки муҳлати хидмати ҳарбӣ аз 2 ба 1 сол расонда шавад. Ӯ зикр кард, ки бисёриҳо барои гурез аз хидмати ҳарбӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва хост, то Вазорати мудофиа роҳи ҳалли ин мушкилро пайдо намояд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *