Тоҷикистон аз Русия як зина поён   аст

Созмони Хабарнигорони бидуни марз бо нашри гузориши нав дар мавриди озодии матбуот дар соли 2017 Тоҷикистонро миёни 180 давлати дунё дар ҷои 149-ум қарор додааст.

Дар раддабандии соли гузашта Тоҷикистон якбора 34 зина поин рафта, дар мақоми 150 ҷой гирифта буд. Кишвари мо аз рӯи озодии матбуот дар соли 2016 дар мақоми 116 ва соли 2014 дар мақоми 115-ум қарор дошт.

Созмони Хабарнигорони бидуни марз таъкид намудаст, ки озодии матбуот дар ҷаҳон зери фишори бесобиқа қарор дорад. Ин созмон инчунин аз Доналд Трамп, президенти  феълии Амрико интиқод кардааст, ки бархилофи анъанаҳои ҳифзи озодии матбуот дар ин кишвар алайҳи расонаҳо изҳорот додааст.

Гузоришгарон дар раддабандии ҷадиди озодии баён Арманистонро дар мақоми 79, Молдова-80, Қирғизистон-89, Русия-148, Қазоқистон-157, Белорусия-163 ва Узбекистонро дар мақоми 169-ум ҷой додаанд.

Матбуоти озодтарини дунё дар Норвегия, Шветсия ва Финландия эътироф шудааст. Чин, Сурия, Туркманистон ва Кореяи Шимолӣ дар охири раддабандӣ ҷой гирифтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *