«Маҳаллаи 83» пешсаф шуд

22-23 апрел вохӯриҳои давраи дуюми мусобиқаи дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон баргузор шуданд. Ҷамъбасти натиҷаҳои бозиҳои ду давр гувоҳӣ медиҳад, ки аз 12 дастаи иштирокчӣ фақат дастаҳои «Маҳаллаи-83» (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ) ва «Саройкамар» (Панҷ) талхии бохтро начашидаанд. Ин се даста 6-холӣ ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқа мутаносибан ҷойҳои якуму дуюм ва сеюмро касб кардаанд.

Навдастаи мусобиқа «Махаллаи 83»-и пойтахт дар давраи дуюм низ пирӯзии бузургро ноил шуд. Аъзои дастаи мазкур дастаи «Зарафшон»–и Панҷакентро бо ҳисоби калони 5:1 шикаст дод.  Сафаралӣ Аҳмад се гол зада, хет-трек ва легионер Ҷастис Агией Канкам бо ду гол дубл иҷро карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *