Омина Холиқзода дар Кувайт медали тилло ба даст овард

Омима Холиқзода, ходими илмии Институти тибби бунёдии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, дар 15-умин Форуми байналмилалии ихтироъкорон (International Invention Fair of the Middle East) дар Кувайт медали тилло ба даст овард.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Холиқзода дар ин озмун бо ихтирои худ – «Тагетол», ки дорои хосиятҳои гепатопротекторӣ, талхҷудокунанда, антиоксидантӣ, детоксикатсионӣ ва зиддиилтиҳобӣ мебошад, ширкат кард. Ин мавод бо истифода аз равғани эфирии тагетеси майдагул – гиёҳе, ки дар Тоҷикистон мерӯяд, таҳия шудааст.

Дар озмун намояндагони 66 кишвар, аз ҷумла панҷ олим аз Тоҷикистон, иштирок доштанд. Тибқи натиҷаҳои форум, Омина Холиқзода ҷойи аввалро ишғол карда, соҳиби медали тилло гардид.

Форуми байналмилалии ихтироъкорон аз соли 1974 инҷониб баргузор шуда, яке аз бузургтарин платформаҳои ҷаҳонӣ барои муаррифии навовариҳои илмӣ ба шумор меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image