Эмомалӣ Раҳмон: Мусулмони комил бояд ба Ватану миллати худ содиқ бошад

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сокинони Тоҷикистонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик ва ба ҳар хонадон саломатӣ, файзу баракат ва ризқу рӯзии фаровон орзу намуд.

Аз ҷумла, дар паёми табрикии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон омадааст:

“Мо бояд ҳамеша шукрона кунем, ки моҳи мубораки Рамазонро дар шароити амну осоиш истиқбол мегирем ва дар фазои озоди эътиқодӣ зиндагӣ мекунем. Чунин шароити мусоид ва фазои созгор ҳар фарди соҳиби ақли солим ва соҳиби имонро водор месозад, ки ба қадри истиқлолу озодии Ватан ва сулҳу суботи комил расад ва шукронаи ин неъматҳоро ба ҷо оварад”.

Ҳамчунин, аз шаҳрвандони кишвар даъват ба амал оварда шудааст, ки дар ин моҳи муборак ба ҳамдигар меҳрубон бошанд. Ба эҳтиёҷмандон дасти ёрӣ дароз кунанд, сари ятимонро сила ва  бо хешу ақрабо, ҳамсояҳо, ёру дӯстон муносибати хуб дошта бошанд. Аз дилҳои худ кинаву адоватро дур намоянд.

“Мусулмони комил бояд ба Ватану миллати худ содиқ, дар ҳифзи марзу буми он омода ва нангу номуси ватандорӣ дошта бошад ва дар ободонии сарзамини аҷдодии хеш саҳмгузор бошад, зеро тибқи фармудаи Пайғамбари ислом «муҳаббат ба Ватан аз ҷумлаи имон аст”,-омадааст дар паёми табрикии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *