Омодагии 100 варзишгари тоҷикистонӣ барои сафар ба Ҳангжоу
Дар Бозиҳои 19-уми Осиё, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябри имсол дар Ҳангжоу (Чин) баргузор мешавад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 100 варзишгар муаррифӣ хоҳанд кард.
Кумитаи тадорукоти Бозиҳо маълум кардааст, ки 45 кумитаи миллии олимпии (КМО) узви Шурои олимпии Осиё беш аз 12 ҳазору 500 варзишгарро барои иштирок дар Бозиҳои 19-уми Осиё номнавис кардаанд.
Ба барномаи Бозиҳои Осиёи имсола 40 намуди варзиш, 61 ришта ва 483 мусобиқа шомиланд. Мусобиқаҳо дар 54 макони мусобиқа дар Ҳангжоу ва панҷ шаҳри вилояти Чжэтсзян баргузор мешаванд.
11 намуди варзиш, аз ҷумла бокс, варзишҳои обӣ, тирандозӣ, вазнабардорӣ ва киберварзиш беш аз 30 кумитаи миллии олимпиро ҷалб кардаанд. Шумораи бештари варзишгарон дар намуди футбол аст.
Дар 11 намуди варзиш, аз ҷумла, варзиши сабук, варзишҳои обӣ ва шамшербозӣ зиёда аз 300 варзишгар ба қайд гирифта шудаанд.
Дар аввалин Бозиҳои Осиё, ки соли 1951 дар Деҳлии Ҳиндустон баргузор шуда буд, 11 кумитаи миллии олимпӣ бо 489 варзишгар иштирок карда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ