Боғҳои Душанбе. Аз шароит то масъулияти шаҳрвандон

Душанбе ҳоло шаҳри ҳамешасабзу гулзор аст. Теъдоди зиёди боғҳои фарҳангию фароғатӣ низ маҳз дар пойтахт ҷойгиранд. Дар бораи чанд боғ, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба истифода дода шудаанд, бароятон маълумот пешниҳод менамоем. Дар ҳар як боғи пойтахт гулҳо ва дарахтони нодири ороишӣ шинонида шудаанд. Масъулини муассисаҳои фароғатӣ низ барои тоза нигоҳ доштани онҳо талош меварзанд.

Боғи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Куруши Кабир, Аҳмади Дониш, Алишер Навоӣ, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Ҷавонон, Наврӯзгоҳ, Хайём ва Восеъ бо роҳнамоии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтаанд. Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ирам, Кӯли ҷавонон, Боғи кӯдакон, Ғалаба, гулгашти назди бинои Иттифоқи нависандагон, Сирки давлатӣ ва дигар хиёбонҳо низ баъди азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд. Имрӯзҳо ин боғу гулгаштҳо макони сайру тамошои шаҳрвандон гардидаанд.

Боғи Аҳмади Дониш

Боғи Аҳмади Дониш яке аз маконҳои асосии сайругашти меҳмонон ба ҳисоб меравад. Ин боғ соли 2018 бо иштироки Президенти мамлакат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Боғи мазкур дар майдони қариб 3 гектар бо саҳми Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” сохта шудааст.
Барои назаррабо кардани боғ аз ҷониби кормандони ин муассиса гулҳои ороишӣ шинонида шудаанд. Фаввораҳо, роҳравҳои гулпӯш, чароғҳои ранга, нишастгоҳҳо, дарахтони нодири ба саломатии инсон фоидаовар аз ороишоти асосии боғи Аҳмади Дониш ба ҳисоб мераванд. Аз наздики 1000 бех дарахтони нодири сояафкану ороишӣ дар ин боғ бештараш аз хориҷи кишвар оварда шудааст.

Боғи ба номи Куруши Кабир

Боғи ба номи Куруши Кабир низ зеботарин дар пойтахт маҳсуб меёбад. Муассиси ин боғ Агентии давлатии захираҳои моддӣ аст. Дар ин ҷо барои шаҳрвандон имкони мусоиди истироҳату фароғат муҳайё аст. Масоҳати боғи “Куруши Кабир” наздики 5 гектарро ташкил медиҳад. Агентии захираҳои моддии давлатӣ барои пурра азнавсозӣ кардани боғи атрофи Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маблағи зиёд сарф кардааст. Дар ин ҷо майдони футболи хурд, корти теннис, майдончаҳои дигари варзишӣ, аз қабили тенниси рӯйи миз, нишастгоҳҳои бо нақшу нигори миллӣ ороёфта сохта шудааст.

Боғи Наврӯзгоҳ

Боғи Наврӯзгоҳ 19-уми марти соли 2014 аз тарафи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифтааст. Дар баробари Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ба маркази шаҳри Душанбе ин боғ ҳусну намои тоза зам кардааст.
Дарахтони зебою нодири боҳашаммати ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷ ба ин ҷо оварда шинонда шудаанд. Аз ороишоти асосии дигари боғи Наврӯзгоҳ шаршараи боҳашаммат ва фаввораҳои назди он аст.

Дар маҷмуъ, тамомои боғҳои пойтахт макони зебо барои сайру тамошо ва истироҳату фароғатанд. Танҳо шаҳрвандонро зарур аст, ки дар баробари масъулин барои тоза нигоҳ доштани онҳо кӯшиш намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *