Омодагии IRS ба мавсими сармо чӣ гуна аст?
Кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дида, дар ин раванд ҳолати техникаву механизм ва захираи маводи зиддилағжишу сӯзишворӣ авлавият аст. Илова бар ин, кормандон бо сарулибоси зимистона таъмин шуда, барои фаъолияти муназзами онҳо дар макони мустақаршуда дар ҳаҷми зарурӣ ангишт ва ҳезум дастрас шудааст.
Масъулин хуб дарк кардаанд, ки айёми қаҳратуни сол марҳилаи ҳассос буда, дар сурати сари вақт омодагӣ надидан ба раванди фаъолият латма ворид хоҳад гашт.
Тибқи иттилои Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагии Варзоб 3700 тонна маводи зиддилағжиш, 315 тонна намак, 91420 литр сӯзишвории дизелӣ, 40 тонна ангишт, 10 метри кубӣ ҳезум, 4100 литр равғани молиданӣ, 2500 литр антифриз, 154 автошина, 38 аккумулятор захира шуда, 44 техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Дар намояндагии Зарафшон низ омодагӣ ба мавсими сармо ҷиддӣ буда, захира шудани 5307 тонна маводи зиддилағжиш, 350 тонна намак, 43100 литр сӯзишвории дизелӣ, 1500 литр равғани молиданӣ, 1100 литр антифриз, 26 аккумулятор, 100 автошина, 20 тонна ангишт, 15 метри кубӣ ҳезум, 132 ҷуфт либоси зимистона шаҳодати ин гуфта аст. Дар ин минтақа 31 техникаи махсусгардонидашуда ба мавсими тирамоҳу зимистон омода мебошанд.
Чунин тарзи муносибат дар намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд низ роиҷ буда, 3200 тонна маводи зиддилағжиш, 347 тонна намак, 85720 литр сӯзишвории дизелӣ, 1075 литр равғани молиданӣ, 905 литр антифриз, 165 автошина, 33 аккумулятор, 298 ҷуфт либоси зимистона, 24 тонна ангишт, 20 метри мураббаъ ҳезум захира шудааст. 43 адад техникаву механизми марбут ба намояндагии зикршуда ба мавсим пурра омодаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки нишондиҳандаҳои мазкур дар муқоиса ба солҳои қаблӣ тамоюли афзоишро касб намуда, ин ҷанба имкон фароҳам меорад, ки рисолати филиали Ширкат — нигоҳдории роҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад.
Илова бар ин, дар масири роҳ 12 хонаи устои роҳ ташкил шудааст, ки дар онҳо барои кормандони филиали Ширкат тамоми шароит фароҳам аст. Муҳим он аст, ки дар хонаҳои устои роҳ имкони муваққатан ҷойгир намудани ронандагоне, ки воситаи нақлиёташон нуқси техникӣ пайдо кардааст ва шаҳрвандон, дар навбати аввал занон ва кӯдакони хурдсол ҳангоми тӯл кашидани бартарафсозии тармаҳо мавҷуд мебошад. Хонаҳои зикршуда дар минтақаи Варзоб — километрҳои 33, 51, 62, 73, минтақаи Зарафшон — километрҳои 81, 103, 131, 160, минтақаи Суғд — километрҳои 181, 237, 289 ва 322 ҷойгир мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ