Ду вохӯрии сарнавиштсоз. Пайроҳаи зиндагии устоди ҳунар Мастона Эргашева

Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Мастона Эргашева бе муҳобот яке аз беҳтарин иҷрокунандагони “Шашмақом”, сарояндаи соҳибсабки сурудҳои анъанавӣ ва фидоии санъат аст. Ӯ беш аз ним аср аст, ки дар саҳна бо садои махмалину дилнишинаш ҷилва мекунад ва бо эҷоду иҷрои беҳтарин таронаҳо дар қалби мардум ошён гузоштааст. Нақши ин устоди ҳунар дар рушди санъати тоҷик хеле калон аст. Чун дар арафаи мавлуди 70-солагии сароянда қарор дорем, лозим аст, ки баъзе саҳифаҳои рӯзгори ӯро варақгардон намоем.

Ду вохӯрии сарнавиштсоз

Мастона Эргашева зодаи ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон аст. 26 октябри соли 1952 дида ба ҷаҳон кушодааст. Дар оилаи фарҳангӣ ба воя мерасад. Аз хурдӣ ба мусиқӣ шавқ пайдо мекунад ва ба таври худомӯз ба овозхониву рубобнавозӣ машғул мешавад. Падару модар ба пешаи интихобкардаи духтарашон зид набуданд. Бинобар ин, дар ҳамон солҳои душвор падар кӯшиш мекард, ки ба Мастона асбобҳои мусиқӣ харидорӣ намояд. Ҳамин тавр, ӯ дар фазои таронаҳои хеш ба воя мерасид. Мактаби мусиқии ӯ радио буд, ки пайваста беҳтарин намунаи эҷоди ҳунармандонро пахш мекард. Мастона Эргашева хеле зуд, дар синни 15-солагӣ машҳур шуд. Ба маъруфияти ӯ ду вохӯрӣ сабаб гардиданд, ки дар оянда роҳашро ба саҳнаи калон боз карданд.

Вохӯрии якум бо шоираи ҷавон Санавбар Соҳибова. Тавре ишора шуд, Мастона Эргашева аз замони кӯдакӣ шефтаи санъат шуд. Айёми мактабхонӣ рубоб дар даст, миёни духтарони ҳамсолаш сурудхонӣ мекард. Вақте дар синфи 8 таҳсил мекард, аз пойтахт донишҷӯён ба ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон, ҳозира ноҳияи Ҷайҳун, ки кӯдакии Мастона он ҷо гузаштааст, пахтачинӣ меомаданд. Дар пахтачинӣ ҳамроҳи духтарони зебои душанбегӣ сурудхонӣ мекард. Дар яке аз чунин рӯзҳои пахтачинӣ бо донишҷӯйи техникуми омӯзгорӣ Санавбар Соҳибова ошноӣ пайдо кард. 

– Санавбар машқи шеър мекард. Мо соли 1967 шинос шудем. Як рӯз аз ман хоҳиш кард, ки ба як шеъраш оҳанг бандам. Ҳамин тавр, ман ба шеъри ӯ – “Агар ёри ситамгорӣ” оҳанги ҳаваскорона баста, дар миёни пахтазор иҷро кардам. Ин суруд ба ҳама писанд буд. Ин нафар дар ташаккули ҳунарии ман нақши бориз гузоштааст. Санавбар ба ман роҳ кушод, бовариву эътимод бахшид. Ӯ буд, ки имрӯз Мастона месарояд… – мегӯяд, Мастона Эргашева бо гузашти қариб 55 сол.

Вохӯрии дуюми сарнавиштсоз бо шоир Гулназар. Пас аз Санавбар Соҳибова вохӯрӣ бо шоир ва журналисти ҷавон Гулназар Келдӣ барои Мастона Эргашева сарнавиштсоз буд. Гулназар, мухбири “Комсомоли Тоҷикистон” ба ноҳияи Қумангир ба сафари корӣ меравад. Зимни сафари хеш Гулназар садои Мастонаро мешунавад. Ӯ дарк мекард, ки ин духтарак соҳиби истеъдоди фавқулодда аст. Бинобар ин, барои ташвиқи вай камари ҳиммат мебандад.

– Овозаи ман аз Қумсангир ба Душанбе, ба гӯши устод Гулназар мерасад. Ёди устод гиромӣ бод, он кас аввалин нафаре буданд, ки замони дар “Комсомоли Тоҷикистон” кор карданашон дар бораи ман мақола нашр карданд. Ҳамчунин, ду суруди маро дар диктофонашон сабт карда, ба шуъбаи мусиқии Радиои Тоҷикистон оварда супориданд. Он сурудҳо пахш шуданд ва номи Мастона Эргашеваро мардум шунид. Аҷиб он ки радио сурудҳоро гаштаву баргашта пахш мекарданд,– ба ёд меорад, Мастона Эргашева.

Пайроҳаи ҳунар

Ҳамин аст, ки вақте баъди хатми мактаби миёна ба ягона факултаи санъати кишвар, ки дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон буд, ба ҳайси довталаб омад, аъзои комиссияи қабул ӯро шинохтанд. Маҳрам Файзов баробари дидани Мастона ва шунидани овозаш гуфт: “Шумо, дар оянда саряндаи барҷаста мешавед, аммо нутқ надоред. Чун хатмкардаи мактаби ӯзбекӣ ҳастед, нозукиҳои забони тоҷикиро бояд аз худ кунед. Бинобар ин, ба шумо тавсия меиҳам, ки ба факултаи актёрӣ дохил шавед ва дар ин ҷо нозукиҳои забон ва нутқи суханро омӯзед!” Ӯ гапи устодонро рад накард. Дар шӯъбаи актёрӣ таҳсил карда, аз устодони ҳунар Маҳрам Файзов, Марям Исоева, Маҳмудҷон Воҳидов, Турахон Аҳмадхонов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев ва дигарон таълим гирифт.

“Дар давраи донишҷӯиям дар намоишномаи дипломии «Нурхон», ки аз рӯи асари драматурги ӯзбек Комил Яшин таҳия гардид, нақши асосиро бозӣ карда будам. Қаҳрамони ин асар духтараки деҳотие буд, ки дар замони босмачигарӣ ба шаҳр барои хондан меояд ва чун дар таътил ба хонаашон меравад, бародараш бо иғвои ҳамдеҳаҳои феодалу ҷоҳил ӯро мекушад. Ин намоиш тарона ҳам дошт, хеле ҷолибу ҷаззоб буд. Он дар саҳнаи театри тобистона -«Театри сабз» се рӯз ба намоиш гузошта шуд. Мардуми зиёде ба дидани он омада буданд, ҳатто аз сари деворҳо тамошо мекарданд. Он замон Тӯҳфа Фозилова, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, нақшофарию сурудхониамро дида гуфтанд, ки ман туро дида, ҷавониҳои худро ба ёд овардам. Афсӯс, ки он лаҳзаҳо ба навор гирифта нашудаанд”– мегӯяд, Мастона Эргашева.

Сароянда дар театр

Пас аз хатми донишкада Мастона Эргашеваро ба Театри академӣ-драммавии ба номи А.Лоҳутӣ ба кор фиристоданд. Вале ӯ на ба ҳайси актриса, балки ба сифати сарояндаи дастаи ҳунарии театр ба кор оғоз кард. Мастона Эргашева 2 сол дар театр фаъолият кард, вале баъдан ба Кумитаи телевизион ва радио гузашт.

“Вақте ки соли 1978 ба ансамбли «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радио ба кор омадам, — ба ёд меорад, Мастона Эргашева, — дар кумита барои таъсиси ансамбли рақсии «Зебо» омодагӣ медиданд. Ман соли 1979 ба ҷамъ кардани духтарони болаёқат барои гурӯҳи дуторнавозон шурӯъ намудам. Дар муддати як сол сурудҳои зиёде хондему дар чанд барномаҳои телевизионию консертҳо ҳунарнамоӣ кардем. Соли 1981 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, ки дар он духтарони дуторнавоз ширкат варзиданд. Ин нахустин ҳунарнамоии онҳо дар саҳнаи бузург буд. Соли 1985 дар шаҳри Маскав Фестивали ҷаҳонии ҷавонон баргузор шуд ва дар он низ духтарони гурӯҳ ширкат намуданд. Вале ин охирин ҳунарнамоии онҳо буд. Баъди аз сафар баргаштанамон дастаи духтарони дуторнавозро пароканда карданд. Намедонам, ки ин амал аз ҷониби кӣ ва бо кадом сабаб содир шуд. Духтарон тӯли ҳафт сол бемузд кор мекарданд. Ҳарчанде ки он дар назди Кумитаи телевизион ва радио фаъолият мекард, аз ҷониби давлат дастгирӣ намеёфт. Ҳафт нафарашон кам-кам маош мегирифтанд, ба баъзеашон худам мадад мерасондам. То ҳанӯз, вақте ки дар бораи он даста савол медиҳанд, дилам дард мекунад. Зеро барои ташкилу ташаккули он бисёр меҳнат кардаму дастгирӣ надидам. Ман бо ранҷи зиёд ба духтарон доштану навохтани рубобро омӯхта будам. Аз барҳам хӯрдани он даста то ҳанӯз афсӯс мехӯрам, зеро дастаи ҳунарии миллӣ буд. Пароканда кардани он кори нодуруст ва ба андешаи ман, хиёнат ба ҳунари миллӣ буд. Ин ҳодиса боиси дилшикастагии ман дар зиндагӣ гардид”.

Чунин монеаҳо дар зиндагии Мастона Эргашева кам набуданд, вале ӯ ҳамаро бо сари баланд пушти сар кард, зеро ӯро халқ дӯст медошту эҳтиром мекард.

Суруди Мастона

Мастона Эргашева солиёни зиёд аст, ки ба ҳайси мақомсарои ҳирфаӣ эътироф шудааст. Ӯро яке аз беҳтарин иҷрокунандагони “Шашмақом” медонанд. Дар ин ҷода ӯ худро шогирди Барно Исҳоқова – нобиғаи ҳунар ва мақомсарои мумтоз медонад. Қисми зиёди асарҳои “Шашмақом”-ро бо маҳорати баланд иҷро кардааст. “Сарахбори ороми ҷон” (ғазали Ҳофиз, аз мақоми дугоҳ), “Наврӯзи сабо” (аз мақоми рост), “Сарахбори наво” (бар ғазали Амирӣ)-ро дар иҷрои ӯ асарҳои комил ва авҷи аъло эътироф кардаанд.

Мастона Эргашева дар баробари мақомсарои бемисл будан, яке аз беҳтарин иҷрокунандагони сурудҳои анъанавӣ аст. Сурудҳои беҳтарини бастакорони тоҷик Шарофиддин Сайфиддинов, Фаттоҳ Одина, Қудратулло Яҳёев, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ ва дигаронро бо маҳорати баланд иҷро кардааст. Аксари сурудҳои Мастона Эргашева вирди забони хосу ом аст.

Устоди ҳунар Мастона Эргашева худ низ бастакор аст. Оҳангҳои маъруфе чун “Бахти ҷовидон” (шеъри М. Турсунзода), “Таронаи занон” (шеъри Ф. Ансорӣ, дар ҳамовозӣ бо Нуқра Раҳматова ва Нигина Рауфова иҷро шудааст), “Зинда бод” (шеъри Лоиқ), “Вафо” (матн аз Гулрухсор) ва ғ. маҳсули эҷодиёти ин бонуи ҳунар мебошанд. Мастона Эргашева ба бисёр кишварҳои дунё сафари ҳунарӣ анҷом дода, санъати тоҷикро ба оламиён муаррифӣ кардааст.

Дар баробари сарояндаи хуб будан, Мастона Эргашева модари мушфиқ ва модаркалони меҳрубон низ ҳаст. Шавҳараш, ки низ ҳунарманд буд, хеле ҷавон аз олам даргузашт ва масъулияти тарбияи ду фарзанд ба дӯшаш монд. Ҳамин аст, ки дигар шавҳар накард ва як писару як духтарашро ба воя расонида, соҳиби маълумот кард. Феълан, ҳар ду фарзандонаш иқтисодчӣ ҳастанд.

Соли 2003 собиқаи кории Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Мастона Эргашева 25 сол шуд ва роҳбарияти Ансамбли “Шашмақом”-и Кумитаи телевизион ва радиои кишвар ӯро ба нафақа гусел карданд. Ҳол он, ки ӯ ҳанӯз пур аз энержӣ ва саршори илҳоми эҷодӣ буд. Вале чӣ илоҷ, ки қавонини бюрократӣ кори худро карданд… Худи ҳамон сол ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Талабхӯҷа Сатторов Мастона Эргашеваро ба кор даъват кард, то ки ҳунармандони ҷавонро тарбия кунад. Ва инак, наздики 20 сол аст, ки Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Мастона Эргашева ба тарбияи шогирдон машғул аст.

Дар ин давра низ Мастона Эргашева аз суруд дур нашудааст. Пайваста эҷод ва дар чорабиниҳои гуногун ҳунарнамоӣ мекунад. Ҳар гоҳ, ки ӯ бо тораш ба саҳна мебарояд, аҳли толор ба шӯр меояд, зеро ҳанӯз ҳам мардум ӯро чун пештара дӯст медорад…

Одил НОЗИР

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.