Оне ки мехост дар бораи Эмомалӣ Раҳмон филм бардорад, даргузашт

Ҷавоншер Ҳайдарӣ, раиси Иттифоқи синамогарони Афғонистон дар синни 64 солагӣ даргузашт.

Ҳайдариро синамогарони тоҷик дӯсти Тоҷикистон ва тоҷикон унвон мекунанд. Марҳум солҳои охир мавод ҷамъоварӣ мекард, то дар бораи Эмомалӣ Раҳмон филм бигирад.

Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, ки марги Ҳайдариро ба сахтӣ қабул кард, зеро се рӯз қабл бо марҳум дар Душанбе мулоқот дошт:

“Рӯзи якшанбе Ҷавоншер ба хонаи синамо омада аз ман хоҳиш кард, ки ба консулгарӣ мактуб нависам, то ки визаи Русияро дарёфт кунад. Ӯ мехост ба дидорбинии писараш ва набераҳояш, ки шаҳрванди Русия ҳастанд биравад. Писари дигари Ҳайдарӣ муқими Тоҷикистон аст. Ҳар ду он рӯз дурудароз сӯҳбат кардем, ӯ дар бораи нақшаҳояш, аз ҷумла дар мавриди филме дар бораи Президенти Тоҷикистон ҳарф мезад”.

Оқои Ҳақдод мегӯяд, ки эҳтимол он рӯз Ҳайдарӣ барои видоъ гуфтан омада буд:

“Вақте имрӯз хабари марги ӯро шунидам фикр кардам, ки ӯ барои видоъ гуфтан омада буд… Ӯ омада буд, ки бр писару набераҳояш дар Тоҷикистон видоъ гӯяд, ба Маскав рафтан мехост то писари дигарашро барои охирин бор бубинад ва ба хонаи синамо, хонаи дуввуми худ омад, то ки бо синамогарони тоҷик алвидоъ гӯяд”.

Ҷавоншер Ҳайдарӣ аз зумраи маъруфтарин синамогарони Афғонистон аст, ки охири солҳои 70-ум ба майдони кинои кишвараш ворид шуд ва бештари фаъолияти ӯ ба салтанати “Толибон” рост омад.

Ӯ бештар аз 15 сол раиси Иттифоқи синамогарони Афғонистон буд ва барои муаррифии кинои кишвараш талошҳо мекард.

Ҳайдарӣ маҳз Тоҷикистонро майдони парвози синамогарони афғон медонист ва ба ҳар васила кӯшиш мекард, робитаи киносозони кишварашро бо Тоҷикистон мустаҳкам кунад. Ӯ меҳмони доимии ҷашнвораҳои кинои Тоҷикистон буд.

“Солҳои 90-ум ӯ маҳз Душанберо майдони сабти филми худ “Аҳмад Зоир – алмоси Шарқ” қарор дод, то ки дар он рӯзҳои вазнин ба синамогарони мо кӯмак кунад. Ӯ бо Тоҷикистон ва шахсиятҳои сиёсиву фарҳангии мо робитаи қавӣ дошт, Афзалшоҳи Шодиро дӯст медошт ва солҳои охир ба ҷамъоварии мавод барои филме дар бораи Эмомалӣ Раҳмон машғул буд… Афсӯс, ки умр вафо накард”- гуфт, Сафар Ҳақдод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *