Раису сафири тоҷик соҳиби ҷоизаи «International Conservation Statesman Award»

Ду тоҷикистонӣ Давлатшо Гулмаҳмадзода ва Фарҳод Салим барои муҳофизати гӯсфандони нодир дар Тоҷикистон бо ҷоизаи «International Conservation Statesman Award» сарфароз гардиданд.

Дар шаҳри Ренои иёлати Невадаи ИМА намоиши «2020 Sheep Show Convention» баргузор шуд, ки дар чаҳорчӯби он ду ҷоиза ба намояндагони Тоҷикистон тақдим шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, ҷоизаи «International Conservation Statesman Award» ба Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшо Гулмаҳмадзода барои комёбиҳои касбӣ дар муҳофизати гӯсфандони нодир дар Тоҷикистон лоиқ дониста шудааст.

Инчунин, ҷоизаи «International Wildlife Conservation Ambassador Award» ба Сафири Тоҷикистон дар Амрико Фарҳод Салим бо дарназардошти эътироф ва қадрдонии комёбиҳои дипломатӣ дар пешбурди муносибатҳо ҷиҳати муҳофизат ва идоракунии гӯсфандони нодир дар Тоҷикистон супорида шуд.

Намоиши «2020 Sheep Show Convention» бо мақсади тақдими ҷоизаҳо ба шахсони алоҳида барои дастовардҳо, рушд ва афзоиши ҳайвонҳои нодир барпо гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *