Ҷони Зулайхоро кӣ ба лабаш расонд?

-Алло, Зулайхо, шуморо аз «Оила» ташвиш медиҳанд. Вақт доред, ки ба чанд саволи мо ҷавоб бигӯед?
-Агар серкорам гӯям, шумо, журналистон дарҳол аз пашша фил сохта, менависед, ки Зулайхо назарбаланд шудааст, биниаш осмонро мехарошад, фахр карда серкориашро баҳона мекунад ва ҳоказо… Барои ҳамин маҷбурам, ки ҳама кору борамро як тараф гузошта ба саволҳои шумо ҷавоб бигӯям. Хӯш, канӣ бигӯед, боз кадом сирру асрори Зулайхоро кушоданӣ ҳастед?
—Имрӯзҳо клипи нави шумо «Алиса в стране чудес» мавриди танқиди шадиди сомонаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтааст. Бисёриҳо бар он назаранд, ки офарандагони нақшҳо ба якдигар мувофиқ нестанд, яъне шумо чеҳраи осиёӣ дореду ҷавони ҳамбозиатон ба аврупоиҳо бештар монанд аст…
-Ман аллакай ба ин савол дар сомонаҳо ҷавоб додам ва хоҳиши як гапро ду маротиба такрор кардан надорам.
-Бархе як умр заҳмат кашанд ҳам, дар ҷодаи санъат маҳбубият пайдо карда наметавонанд, Зулайхо бошад, бо чанд суруд мурғи шуҳратро ба каф овард. Сири комёбиатонро худи шумо дар чӣ мебинед?
-Ман аз сидқи дил меҳнат мекунам, шояд барои ҳамин худованд ба зудӣ пеши роҳамро кушод. Ҳаромкор нестам, ҳамеша кӯшиш мекунам, матну оҳангҳои беҳтаринро интихоб намуда сароям. Мухлисонамро фиреб намекунам…
-Барои рушду нумӯи ҳунаратон ба шумо кӣ ёрӣ мерасонад?
-Баъзан дӯстонам кӯмак мекунанд, вале асосан ҳунарамро аз ҳисоби худ, аниқтараш аз маблағе, ки аз тӯйҳо ба даст меорам, рушд медиҳам.
-Мегӯед, ки аз тӯйҳо ҳунарамро рушд медиҳам, ин ҳама давлату савлат ва мошинҳои дакадангу хонаҳои боҳашамати Зулайхо ҳам аз ҳисоби тӯйгардӣ аст?
-Мегӯянд, ки Худованд барои санҷиш ба ҳар як бандааш се маротиба давлату савлат медиҳад, агар онро соҳибӣ карда тавонӣ, умре шоҳона зиндагӣ мекунӣ, агар натавонӣ, фақиру нотавон шуда мемонӣ…
-Манижаи Давлат ягона сарояндаи тоҷик буд, ки ба маънии томаш қуллаи шуҳратро фатҳ карда тавонист, вале баъдан худ аз худ гӯшаи танҳоӣ ихтиёр намуд. Мардум то имрӯз ташнаи дидори Манижаанд. Шуморо ҳамагон ҳамчун шогирди ягонаи Манижа мешиносанд. Устодатон дилу нияти ба саҳна баргаштан дорад ё не?
-Дар ҳақиқат Манижаи Давлат устоди ман аст ва то ҷон дар рамақ дорам, албатта ҳурмату эҳтироми устодамро ба ҷо меорам, вале дар бораи ба саҳна баргаштан ё нагаштанаш чизе гуфта наметавонам.
-Чаро? Магар шумо бо ҳамдигар рафту омад надоред?
-Дорем, вале зиндагии ҳар як ҳунарманд моли шахсии худи ӯст. Ман ҳақ надорам ба ҳаёти устодам дахолат намоям.
-Аҳволи бону Манижа чӣ тур аст?
-Шукри Худо, сиҳату саломат ва хушбахт аст.
-Зулайхо, шумо бисёр чеҳраи зебои экранзеб доред. Мабодо ба телевизион ба ҳайси ровӣ ба кор даъват кунанд, розӣ мешавед?
-Аллакай чанд маротиба чунин даъватҳо шуда буданд, вале ман рад кардам. Фикр мекунам ҳамин роҳи интихобкардаам кофист.
-Як сарояндаи афғон гуфтааст, ки дили бонувони овозхони афғонро ёфта, ҳамроҳашон дуэт хондан бисёр мушкил аст, вале хонумҳои тоҷик бӯйи пулро, ки фаҳмиданд, дарҳол розӣ мешаванд. Назари шуморо дар ин масъала донистан мехостем.
-Он сарояндаи афғон касе, ки набошад, сахт хато мекунад! Бонувони тоҷик на ба хотири пул, балки танҳо ба хотири рушди санъат баъзан бо сарояндагони ғайр тарона мехонанд.
-Аксари сарояндагони тоҷик барои он дер-дер тарона эҷод мекунанд, ки матни сурудҳоро ба зудӣ азхуд карда наметавонанд, яъне хотираашон заиф аст. Зулайхо як шеърро дар чанд рӯз азёд мекунад?
-Хотираи ман мустаҳкам аст, шеърро як маротиба хонам, азёд мекунам. Синнам ба 50 нарасидааст, ки хотираам заиф гашта бошад!
-Аз Рӯдакӣ шеър надонистан шармандагӣ аст. Шумо кадом шеъри одамушуарроро медонед?
-Бо ин суолатон маро хандондед!
Бӯйи ҷӯйи мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме.
Эй Бухоро шод бошу дер зӣ,
Мир наздат меҳмон ояд ҳаме.
Магар шахсе ҳаст, ки ин шеърро надонад?!
-Сарояндаҳо асрори зиндагиашонро ҳамеша пинҳон медоранд, вале сирре нест, ки як умр ниҳон монад. Мегӯянд, ки шавҳаратон кайҳо ҷони шуморо ба лабатон расонидаасту…
-Метавонед давоми суханатонро нагӯед. Шукронаи Худо ман оилаи обод дорам ва писарчаам Муҳаннад қуввату мадори дилам аст.
-Консерти хотирмонтарини Зулайхо ҳанӯз вирди забони мардум аст. Мухлисонатон мехоҳанд боз чунин консерти зебо барпо намоед…
-Аз лутфатон мамнунам. Худованд агар хоста бошад, ба наздикӣ боз як барномаи рангини консертиро ба ҳаводорони ҳунарам пешкаш менамоям.
-Санъат бе рақобат намешавад, Зулайхо киро рақиби худ мешуморад?
-Ростӣ, ман намедонам номи киро ҳамчун рақиб ба забон орам, чунки саргарми кору бори худ ҳастаму аслан парвои рақобат надорам.
-Медонем, ки продюссератон Баҳриддини Сабур барои пешравии санъати бону Зулайхо бисёр ҷон мекоҳонад. Барои хизматҳояш ягон бор «премия» гирифтааст?
-Дар мавриди «премия» бояд аз худи Баҳриддин пурсон шавед. Фикр намекунам, ки дӯстии мо ба хотири “премия” бошад, чунки Баҳриддин барои ман натанҳо продюсер, балки мисли як бародар аст.
-Шумо ҳамеша рӯйи саҳна ҳастед, Муҳаннадро кӣ парасторӣ мекунад?
-Муҳаннадҷони ман ба наздикӣ дусола мешавад. Доя-мураббии меҳрубоне дорад, ки аз ман дида ӯро хубтар парасторӣ менамояд.
-Дар охир таманниёти идонаи Зулайхоро ба мухлисони ҳунараш донистан мехостем…
-Иди Фитрро ба кулли мардуми шарифи тоҷик муборакбод мегӯям. Бигзор дастурхони халқи мо ҳамеша пурфайзу баракат бошад ва аз фазои хонадонашон танҳо садои хандаю суруду мусиқӣ ба гӯш расад. Хушбахт, сарбаланд ва хонаобод бошед, ҳамдиёрони азиз!

Суҳбаторо: Рустам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *