Пешниҳоди арзиши 10-уми педогогика аз ҷониби академик Лутфуллоев

Академик Муҳаммадулло Лутфуллоев, муаллифи китоби “Алифбо” пешниҳод кардааст, ки Истиқлол чун арзиши даҳуми илми педагогика шинохта шавад.

Ин пешниҳоди академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар китоби наваш таҳти унвони «Тулӯи хуршеди истиқлол ва масъалаҳои тарбия» оварда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки то ҳол дар илми педагогика ҳашт арзиш -инсон, сулҳ, замин, ватан, хонавода, касбу кор, илму дониш ва фарҳанг асосӣ дониста мешуд. Ишқу муҳаббатро ҳамчун арзиши 9-ум академик Муҳаммадулло Лутфуллоев қаблан ба арзишҳои илми педагогика ворид карда акнун пешниҳод кардааст, ки Истиқлолият низ чун арзиши 10-уми маънавӣ ба илми педагогика ворид гардад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.