Ҷонибек Муродов: Ситораро ман аз литсензия маҳрум накардаам.

    Имрӯз сарояндаи №1-и Тоҷикистон Ҷонибек Муродов зимни сӯҳбати ихтисосияш бо  «Tajikistantimes.tj» гуфт, ки «Ман фикр мекунам, ки Ситора Фармоноваро на ба хотири ҳамкорияш бо банда, балки ба хотири иштирокаш дар КВН-и Қирғизистон чун намояндаи ин кишвар аз литсензия маҳрум намудаанд».

Дар идомаи сӯҳбат Ҷонибек Муродов зикр кард, ки бо Ситора Фармонова охирин маротиба 6 моҳ пеш вохӯрдааст он ҳам бошад на зимни вохӯрии корӣ, балки чун ду дӯст. Мавсуф ҳамчунин арз намуд, ки « Агар овозаи он ки сарояндаҳои Ӯзбекистон пас аз ҳамкорӣ ё ягон нофаҳмияшон бо сарояндаҳои тоҷик ба мушкилоти «рӯйихати сиёҳ»- у «маҳрум шудан аз литсензия» рӯ ба рӯ шуданашон рост бошад, пас чаро ин мушкилӣ бо дигар сарояндаҳое, ки сурудҳои маро копихонӣ мекунанд ё таҳти навои оҳангҳоям суруди ӯзбекӣ мехонанд, ба чунин мушкилӣ рӯ ба рӯ нашуданд. Барои мисол Сардор Раҳимхон, ӯ бо ман суруди «Нигинам»-ро дуэти ӯзбекӣ- тоҷикӣ хонд. Баъд як суруд низ ман ба ӯ тақдим намудаам бо номи «Дӯсти ту Оллоҳ-Худост», ки дар Ӯзбекистон хеле маҳбуб гардидааст. Ӯ дар ҳама ҷо гуфтааст, ки ин оҳанг моли тақдимшудаи сарояндаи тоҷик Ҷонибек Муродов аст. Аммо то ҷое ман медонам, то ҳол мавсуф ба ягон мушкилӣ рӯ ба рӯ нагардидааст».

 Ин суханони Ҷонибек дар ҳоле қувваи ҳақиқатро мегирад, ки манбаҳои алоҳидае сабаби аз литсензия маҳрум гардидани Ситораро дар суханҳои ноҷо гуфтанаш зимни баромадаш дар КВН арзёбӣ намуда, гуфтаанд, ки « муҳлати литсензия қуҳна шудан»- дар асл баҳонаест барои «ҷазо» додани хонум Фармонова барои ноҳурматияш нисбати халқу миллати ӯзбек .

Дар идомаи сӯҳбат Ҷонибек Муродов гуфт, ки « Аз як ҷиҳат шунидани ин хабарҳо одамро озурда месозад, аммо барои ман ин чандон аҳамият надорад. Чун дар ин моҷаро ман худро гунаҳгор намеҳисобам. Санъат сарҳад надорад, забон надорад, сарҳаду забони санъат ишқ аст, ки аз дил баромада, ба дил ҷой мегирад. Ҳар касе ё мақомоте ба санъат монеа эҷод мекунад, иштибоҳи сахт мекунад. Ба ёд оред, қиссаи санъаткори машҳур «Байҷу Бавра»-ро».

Дар охир Ҷонибек Муродов аз  дар «Однокласники» ба суолҳои мухлисонаш шахсан посух гуфтани падарашро  хуш пазируфтанаш чунин ибрози андеша намуд:

« Баъзан чунин ба назар мерасад, ки «Однокласники» дар Тоҷикистон имрӯзҳо ба ҷойи бекорхӯчаҳою ҳарзагӯён табдил ёфта бошад ҳам, умед бар он мебандам, ки дар баробари чунин афрод ашхосе ёфт мешаванд, ки бо кӣ чӣ гуна сухан гуфтанашонро дарк мекунанд ва ба унвонии падар суолҳои дар доираи ақл меғунҷида медиҳанд».

P.S  Сӯҳбати хосаи мо бобати фаъолияти эҷодӣ ва рӯзгори Ҷонибек рӯзҳои наздик пешниҳоди шумо мегардад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *