Қонуни манъи тамоку дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон тарҳи қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ба Маҷлиси намояндагон, пешниҳод кардааст. Тибқи иттилои сомонаи расмии ин ниҳод, ки 6 июл мунташир шуд, тарҳи ин қонун бо ташаббусу дастгирии Эмомалӣ Раҳмон «ба хотири ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳифзи ҷомеа аз беморшавӣ ва пешгирии одатҳои номатлуб», таҳия шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин қонун муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамокуро бо мақсади ҳифзи солимӣ ва пешгирии беморшавии аҳолӣ танзим намуда, фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот ва фурўши ин гуна маҳсулотро муайян менамояд.

Дар матни тарҳи қонун аз ҷумла омадааст, ки дар сурати тасвиби тарҳи ин қонун, фурӯши маҳсулоти тамоку ба афроди зери 18-сола дар Тоҷикистон манъ шуда, тамокукашӣ дар дохили биноҳо ва дар масофаҳои муайяншуда дар атрофи биноҳои маъмурӣ, мамнӯъ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *