Зулайхо дар Корея, соҳиби тоҷи маликаи зебоӣ гашт

Озмуни маликаи зебоӣ, дар Сеули Корея рӯзи 2- юми июл анҷом ёфт. Зулайхо Носирова, ҷавонзани 28 солаи тоҷик, ки ахиран аз озмуни ҷаҳонии World Beauty Queen 2017 бо тоҷи маликаи зебоӣ ва унвони “абаристеъдод” баргашт, аслан на ба хотири дарёфти ҷоиза, балки барои соҳиб шудан ба ягон қарордоди ҳамкорӣ ба ин озмун рафт. Аммо бахт ба рӯяш хандид. Ҳам соҳиби қарордод бо маблағи хуб шуд ва ҳам дар миёни беш аз 40 зебосанам аз кишварҳои мухталиф ҷойи дуввумро гирифту, тоҷи зебоиро ба сар кард.

Зулайхо мегӯяд, бидуни ягон омодагии хос ба озмун рафт. Модари ду фарзанд, зани муҳосиб ва ҳам донишҷӯи донишгоҳ, ки ба ҳайси “модел” ҳам кор мекунад барои омодагӣ фурсати зиёд надошту интизороташ ҳам бузург набуд.

Ба гуфтаи Зулайхо озмун чанд марҳила дошт ва иҷрои шартҳояш ҳам осон набуд. Вале мушкилтаринаш барои Зулайхо ин пӯшидани бикинӣ — либоси оббозӣ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *