Президент: “Энергияи сабз”-и Тоҷикистон барои ҳама аст

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбарони Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон изҳор доштааст, ки марҳилаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” соли 2018 фаъол мешавад, аммо бунёди КАСА-1000 аз нақша қафо мондааст. 
Тибқи иттилои дафтари матбуоти президенти  Тоҷикистон ӯ гуфтааст, ки тибқи нақша дар охири соли 2018 агрегати аввали неругоҳи бузурги Роғун ба истифода дода мешавад. Ӯ инчунин аз талошҳои дигар барои афзоиши тавлиди «энергияи сабз» дар Тоҷикистон зикр карда, афзудааст, ки кишвари мо, тибқи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра ҷой гирифтааст.
Дар мавриди КАСА-1000 Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, беназирии ин барнома дар он аст, ки ин тарҳ ба тавозуни истеҳсоли неруи барқ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва истеъмоли он дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, ки ба камбуди ҷиддии неруи барқ мувоҷеҳанд, мусоидат хоҳад кард.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон таъмини дастрасии устувор ба захираҳои энергетикӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аз ҷумлаи чунин масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ мебошанд: “Татбиқи Лоиҳа талошҳои моро ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафи ҳафтуми Рушди Устувор, ки тибқи он то соли 2030 бояд дастрасии умумӣ ба барқи арзону муосир таъмин шавад ва ҳиссаи неруи таҷдидшаванда дар тавозуни энергетикии ҷаҳон ба таври назаррас афзоиш ёбад, ҳамаҷониба тақвият мебахшад”.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки раванди татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 аз муҳлати пешбинишуда ақиб мемонад: “Аз ин хотир зарур мешуморем, ки ба кундшавии раванди татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 имкон надиҳем ва талошҳои муштаракро дар самтҳои ҷудогона тақвият бахшем”.
Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки тибқи баъзе ҳисобҳо, ҳамасола бо сабаби ба таъхир афтодани татбиқи Лоиҳа кишварҳои аъзо, дар маҷмӯъ, беш аз 500 миллион доллар зарар мебинанд: “Аз ин рӯ, мо пешниҳод мекунем, вохӯриҳои мунтазами шахсони расмии чаҳор кишвар, ки салоҳияти қабул кардани қарорҳоро доранд, баргузор шаванд. Илова бар ин, пешниҳод дорем, ки имконияти баргузории вохӯриҳои ҳарсолаи сатҳи баланди кишварҳои иштирокчии Лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирад”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки нахуст ҳамаи чорабиниҳо бояд тибқи нақша ва дар муҳлатҳои таъйиншуда амалӣ шаванд: “Дуввум, мувофиқи мақсад медонем, ки қарорҳои дахлдор қабул шаванд ва ҳарчи зудтар бунёди ҷузъҳои алоҳидаи Лоиҳа дар қаламрави чаҳор кишвар оғоз гардад. Сеюм, мо пешниҳод мекунем, ки талошҳои Ҳукумати Афғонистон ҷиҳати оғози ҳарчи зудтари сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддати доимӣ дар дохили ин кишвар, ки ҷузъи таркибии ин тарҳ маҳсуб мешавад ва расмиёти тендерии он ба анҷом расидааст, ҳаматарафа дастгирӣ ёбанд. Чорум, лоиҳаи КАСА-1000, ки дар асл нодир аст, истифодаи самараноки механизм ва усулҳои нав, дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд, мувофиқатшуда ва муосирро талаб мекунад. Панҷум, сохтмони зиёда аз 1342 километр хатти интиқоли барқи доимӣ ва тағйирёбандаи баландшиддат, бунёди зеристгоҳҳои табдилдиҳандаи ҷараёни барқ (конверторҳо) ва истифодаи таҷҳизоти навтарин дар назди мутахассисони соҳаи энергетика вазифаҳои иловагӣ ва ҷиддӣ мегузорад. Барои ҳалли саривақтии онҳо дастгирии ҳамаҷонибаи кишварҳои аъзои Лоиҳа ва шарикони рушд муҳим аст. Шашум, таҷрибаи пешбурди лоиҳаи КАСА-1000 дар солҳои охир нишон дод, ки баррасии роҳҳои муносибгардонии фаъолияти василаҳои идоракунии Лоиҳа зарур аст”.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *