Қонуни наве, ки гирифтани шаҳрвандии русияро ба муҳоҷирон осон мекунад
Дар Русия тарҳи қонуни наве таҳия мешавад, ки ҳаққи соҳиб шудан ба шиносномаи ин кишварро барои шаҳрвандони хориҷӣ осонтар мекунад. Муаллифони тарҳ мегӯянд, ин қонун бо пешниҳоди президент Владимир Путин таҳия шуда, дар муқоиса ба қонуни амалкунанда шарту шароити осонтарро пешбинӣ мекунад.
Дар сурати қабул шудани қонун эҳтимол муҳоҷирони зиёди тоҷик, ки Русия барояшон макони аслии кору даромад шудааст, аз ин имконият истифода кунанд. Вале барои кишварҳои ирсолкунандаи нирӯи корӣ ин қонун метавонад, паёмадҳои сахте ба дунбол дошта бошад.
Иосиф Дискин, узви Шӯрои палатаи ҷамъиятии Русия ва раиси комисюни танзими равобити байналмилалӣ ва мазҳабӣ, яке аз муаллифони ин қонун аст, гуфт ин қонун асосан ба ду тоифаи шаҳрвандони хориҷӣ – хатмкардаҳои мактабҳои миёнаи махсус ва донишгоҳҳои Русия ва ҳам онҳое тааллуқ дорад, ки бо аҳли хонаводаашон ба Русия омада, зиндагӣ мекунанд. Аз ин бахши хориҷиҳои муқими Русия Дискин ба ҳайси гурӯҳҳои огоҳ, соҳибмаълумот ва ҳамоишёфта бо ҷомеа ёд кард, ки қонуну қоидаи зиндагиву кор дар Русияро хуб медонанд.
Иосиф Дискин гуфт, тарҳи қонун, ки дар ҳоли таҳия ва такмил шудан аст, шарту шароит муҳлати гирифтани шаҳрвандиро осону кӯтоҳтар мекунад. Муҳимтарин омил дар интихоби шаҳрвандони нави Русия донистани забони русӣ ва ҳамоиш ёфтан бо ҷомеаи ин кишвар хоҳад буд. “Таҳсили кӯдакони хонавода дар мактабҳои Русия, балад будани ҳадди ақал 1000 калимаи русӣ аз ҷониби зану шавҳар, рафтан ба муассисаҳои фарҳангии мисли театру кино ва ширкати кӯдакон дар маҳфил ва клубҳои спортӣ, донистани расму оин ва ҷашнҳои миллии Русия метавонад далели ҳамоиш ёфтани оила ба ҷомеаи Русия шинохта шавад”, — мегӯяд Дискин.
Ӯ гуфт, масалан, муддаии шаҳрвандии Русия, ки соҳиби фарзанд нест, ҳамоиш ёфтани худ бо ҷомеаи ин кишварро аз роҳи нишон додани билети театр ё кино исбот кунад. Дар сурати пурра собит шудани ин ҳама талабот аз ҷониби як шаҳрванди хориҷӣ, ба гуфтаи Иосиф Дискин, марҳилаи дарёфти ҳаққи шаҳрвандӣ метавонад, дар шаш моҳ ҳам анҷом ёбад. Қонуни амалкунанда мӯҳлати ҳадди ақали тақдими шаҳрвандӣ ба як хориҷии муқими Русияро бо назардошти иҷрои марҳила ва талаботи қонун ҳадди ақал 5 солро дар бар мегирад.
Дискин баробар бо ин ҷараёни феълии гирифтани шаҳрвандиро “мушкил ва печида бо фасод” унвон кард ва гуфт, дар сурати ҳукми қонун гирифтани тарҳи нав онҳое, ки нияти неки кору зиндагӣ дар ин кишварро доранд, тавассути як протседураи содда, фаҳмо ва кӯтоҳмуддат соҳиби шаҳрвандии Русия мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ