Хуҷанд: Боздошти 3 донишҷӯ барои таҷовуз ба номуси як духтар

Мақомоти милиса дар шаҳри Хуҷанд се ҷавони донишҷӯро бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси як духтари донишҷӯ дастгир кардаанд. Ба гуфтаи манбаи «Ахбор”, ин се ҷавон духтарро аз кӯча маҷбуран ба мошин бор карда, ба як манзили иҷора бурдаву ба номусаш дастдарозӣ кардаанд.

Як манбаи мӯътамад рӯзи 12 октябр ба сомонаи «Ахбор” дар бораи ошкор шудани як ҷинояти нангини таҷовуз ба номус дар шаҳри Хуҷанд хабар дод.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар робита ба ин ҷиноят се ҷавонро, ки дар яке аз донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд таҳсил мекунанд, дастгир кардаанд.

Ин се ҷавон ҳафтаи гузашта як духтари донишҷӯро, ки аз яке аз ноҳияҳои дурдасти вилояти Суғд барои таҳсил ба Хуҷанд омада буд, дар кӯча маҷбуран ба як мошин бор карда, ба як манзили иҷора бурдаанд ва бо зӯрӣ ба номусаш таҷовуз кардаанд.

Манбаи «Ахбор” мегӯяд, духтар баъди ин ҳодиса ба мақомоти милиса шикоят кардааст ва бар асоси баёноти ӯ ҳарсе таҷовузкорро дастгир кардаанд: «Ин духтар, ки дар яке аз донишгоҳҳои Хуҷанд дар соли сеюм таҳсил мекунад, як нафари онҳоро мешинохтааст. Бар асоси баёноти духтар, аввал ҳамин ҷавонеро, ки мешинохт, дастгир карданд ва сипас ду шарики ӯро ҳам пайдо ва боздошт карданд.”

Манбаи «Ахбор” мегӯяд, ки падару модари духтарро аз ин ҳодиса алакай дар ҷараён гузоштаанд. Номи духтар, аз куҷо будану дар кадом донишгоҳ таҳсил карданаш ба идораи сомонаи «Ахбор” маълум аст, вале ба далелҳои ахлоқӣ аз нашраш худдорӣ мекунем.

Ба зидди се ҷавони дастгиршуда бар асоси моддаи 138-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ин банди қонун таҷовуз ба номусро ҳамчун алоқаи ҷинсӣ бо истифодаи зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати зан ё нисбати дигар шахсони ба ў наздик ё бо истифода аз вазъияти оҷизонаи зан тафсир мекунад. Банди «б”-и қисми дуюми моддаи 138 ҳамчун муҷозот барои таҷовуз ба номусе, ки аз тарафи гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ анҷом шудааст, аз 7 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Бознашр аз ахбор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *