Бибии чаққонаки 102-сола

Ин кампираки 102- сола мисли духтараки 18- сола серҳаракат аст

            Дар ҷустуҷӯи қаҳрамон

Сокини деҳаи Мингиҷари ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ Раҷаббӣ Сафарова 102 сол дорад, вале чунон чаққон аст, ки одами бори аввал бо ин бибӣ-чаққонак дучоргашта ин зани резапайкари ҳунармандро 50-55- сола гумон мекунад. Сифоти ин кампираки табаррукро аз забони ҳамдеҳагонаш шунида, мо ба зиёрати момаи Раҷаббӣ рафтем, то аз асрори дарозумриаш бохабар гашта, хонандагони азизи худро бо ин зани аҷиб аз наздик шинос намоем. Рӯзи аввал вохӯрӣ бо ин пири муборак ба мо муяссар нагашт, пайвандонаш гуфтанд, ки момаи Раҷаббӣ ба хонаи як хешаш, ки ба наздикӣ аз зиёрати хонаи Худо баргашт, рафтааст. Хушбахтона дафъаи дуюм бахт ба рӯямон хандид ва худи момаи Раҷаббӣ ба пешвозамон баромада, бо чеҳраи кушодаю лабони пуртабассум маро ба оғӯш кашида, ба манзилаш даровард. Суҳбати мо бо ин зани 102- сола, кӯтоҳ, вале бисёр аҷиб буд.

-Бибиҷон, мо аз шаҳри Душанбе, аз ҳафтаномаи “Оила” ба зиёрати шумо омадем, то сирри умри дарозу бобаракататонро бифаҳмем….

-(Механдад). Раҳмат, ки маро суроғ кардед. Мани кампирро, ки ёд кардед, Худо шуморо ёд кунад!

-Шунидем, ки ба 102 қадам гузоштаед, вале чаққонии шуморо дида, боварамон намеояд….

-Эҳ духтарҷон, замони чаққонии бибиат кайҳо гузашт! Ту маро дар давраи духтариам медидӣ, асп барин мепаридам. Акнун пир шудаам, дигар он қуввату мадори пешина нест!

-Бародарону хоҳаронатон ҳам мисли шумо дарозумранд?

-Ман дар бисотам ҳамагӣ як апа доштам, ки номаш Раҷабгул буд. Апаам барвақт аз олам гузашт. Падарамро мардум “Усто Сафаралӣ” мегуфтанд, модарам Тағойгул ном дошта, бисёр зани меҳнаткаш буд. Солҳои ҷавонии ман ба давраи босмачигарӣ рост омад. Ранҷу азоби бисёре кашидем ҳамон солҳо. Амаки хурдиамро бо Ашӯри жола дар саҳни ҳавлии худамон паррониданд. Баъдтар колхоз ташкил шуду колхозчӣ шудем. Ҳамин ки чашми рӯз кушода шуд, медавидем ба сари замини  гандум. Гандум дарав мекардем, хирман мекӯфтем, хулоса, як зиндагии пур аз азобу машаққат доштем…

-Мактаб хондаед?

-Як духтар будам, барои ҳамин падарам маро мактаб рафтан намонд, ҳатто як рӯз нахондаам. Фақат номи худамро навиштаю даст (имзо) монда метавонаму халос. Дигар ягон чизро намедонам…

-Мегӯянд, ки дар давраи қадим одамон аз гуруснагӣ ба ҳар хел дардҳои бедаво гирифтор шуда мемурданд. Ин гапҳо рост аст?

-Он солҳо вабо бисёр буд. Ман дар тули умрам се гуруснагиро аз сар гузаронидаам. Аввал дар замони босмачигӣ қаҳтӣ омада, маргу мир бисёр шуд. Бештар кӯдакони хурдсолу занҳо аз гуруснагӣ мемурданд. Гуруснагии дуюм дар давраи ҷанги гитлерӣ ва сеюмаш баъди ҳамон ҷанги хонумонсӯз буд. Ҷанги зормонда пайванди маро нобуд кард. Додарҳоям, се акаам, тағоҳоям, се амакамро дар ҷанг куштанд…

-Умри дарози бобаракатеро аз сар гузаронида, шумо то имрӯз зебою чаққон мондаед. Аз афташ дар ҷавониатон ҳамаро волаю шайдо мекардед-а, бибиҷон?

-Эҳ духтарҷон, талабгорони ман аз мӯйи сарам бисёр буданд, лекин падарам ҳамаи хостгорҳоро ноумед гусел мекард…

-Дилашон намешуд, ки духтари ягонаашонро ба шавҳар диҳанд ё хонадомод мекофтанд?

-Замона бисёр ноором буд. Падарам метарсид, ки духтарашро ба шавҳар медиҳаду домодашро мекушанд. Барои ҳамин “духтарбонӣ аз бевабонӣ беҳтар аст”гуфта, ҳама талабгорони маро ноумед гусел мекарданд, аммо баъд ҷанг сар шуду падарам сари калобаашро тамоман гум карда монд. Метарсид, ки маро ба ҷанг набаранд…

-Магар занҳоро ҳам ба ҷанг мебурданд?

-Занҳои шавҳардорро нею баъзе духтарҳоро ба ҷанг мебурданд. Аксарияти падару модарон ба хотири он ки духтарҳояшонро ба ҷанг набаранд, ба ҳар каси пешомада духтарашонро бароварда медоданд. Дигар фарқ надошт, ки он мард чандсола аст, пир аст, кӯр аст, касе, ки набошад, духтарҳои бечора лому мим нагуфта, мегирифтанд….

-Гуфтед, ки ман дугона доштам. Дугона гуфта, киро дар назар доред?

-Зани якуми шавҳарамро дугона мегуфтам. Хостгории даҳҳо ҷавони паҳлавонро рад карда, оқибат ман ба як марди зандор расидам. Палонҷам худаш маро барои шавҳараш хостгорӣ карда буд.

-Вақте ки шуморо “Ёр-ёр” гуфта, ба хонаи шавҳаратон бурданд, зани якуми шавҳаратон аз рашк девона нашуд?

-Эй бачам, на ёр-ёрро дидаму на тӯю тамошоро, танҳо як иҷоб (никоҳи мусулмонӣ) карданду маро бе таблаку доира ба хонаи ҳамон марди зандор буданд.

Ягон бор аз дугонаатон напурсидед, ки барои чӣ бо дасти худаш шавҳарашро зан дод?

-Кору борашон ниҳоят бисёр буд. Молдор буданд, дарав мекарданд, дар хирман кор  мекарданд. Ба зани якуми шавҳарам як ёрдамчӣ лозим буд, аз ҳамин сабаб ба хонаи мо хостгорӣ рафта, маро ба шавҳараш гирифта дод, то ки дасташро камтар сабук кунам…

Баъди арӯс шуда омаданатон кору бори хонаро танҳо шумо мекардед ё палонҷатон ёрӣ мерасонд?

-Мо ду зан як шавҳар дошта бошем ҳам, мисли апаю хоҳар будем. Дукаса тамоми кору бори хонаро карда, ҳазлу шӯхӣ мекардем.

-Наход ягон бор рашкатон наомада бошад-а?!

-Албатта бе рашк намешавад, вале чӣ кор ҳам мекардем! Тақдирро тадбир када намешуд, ночор ба лаб кулӯх молида мегаштем…

-Шавҳаратон чӣ гуна мард буданд? Шуморо озор намедоданд?  

-Ягон бандаи Худо бе камбудӣ нест, духтарам. Зиндагӣ бе ҷангу ҷанҷол намешавад. Раҳматии шавҳари ман ҳам ҳарчанд чандон одами бад набуданд, вале мешуд ҳолатҳое, ки гапи сахт мегуфтанд, мезаданд, лекин дар умрам ягон бор қаҳр карда ба хонаи падарам нарафтаам. Моро аз азал чунин тарбият карда буданд, ки зан бояд сабур бошад ва ба ҳама пастию баландиҳои ҳаёт тоқат кунад, барои ҳамин бо гӯшаи рӯймол оби дидаамонро тоза карда, боз аз паси зиндагӣ мешудем.

-Хушдоманатон бо шумо чӣ гуна муносибат мекард?

-Хушдоман надоштам, барои ҳамин дар ҳама кор аз дугонаам (палонҷашро дар назар дорад) маслиҳат мепурсидам.

-Чанд фарзанд доред?

-Шашто таваллуд кардам, се кӯдакам дур шуду (аз дунё гузаштанд) сетои дигараш зиндаву саломатанд.

-Дар як хона бо кундош зиндагӣ карда, ҷангу ҷанҷол намешудед?

-Мо  то вафот кардани хӯҷаинамон дар як ҳавлӣ зиста бошем ҳам, ягон бор рӯю мӯйи ҳамдигарро накандаем. Баъди марги падари бачаҳо ман ба ин ҷо омадам. Дугонаам аз дунё гузашт, фарзандҳояш ҳам кайҳо вафот кардаанд. Худо ҳамаашонро раҳмат кунад!

-Фарзандонатон бо ишқу муҳаббат хонадор шуданд ё келинҳоро худатон ёфтед?

-Барои писаронам худам арӯс ёфтам. Ягонтоашон нею нестон накарда, духтарҳои таги чашм кардаи маро ба занӣ гирифтанд. Шукри Худо келинҳоям духтарҳои бад нестанд. Айни ҳол дар хонаи келини калонӣ зиндагӣ мекунам.

-Гуфтед, ки се ҷанг ва гуруснагиро аз сар гузарондам. Ягон бор гуреза нашудаед? 

-Солҳои бесарусомонӣ ҷонамро гирифта ба Қалъаи Ҳисор гурехтем.  Дар хона 100 буз, 6 асп ва гову гӯсфандони зиёде доштем. Вақте ки баргаштем, ягон чиз намонда буд. Ҳамаашро дуздиданд. Чор девори қоқ монда буду халос. Дасти одамизод гул аст, духтарам, оҳиста-оҳиста ҳамаашро аз нав барқарор карда, боз худамонро гирифтем ва қоматамонро аз нав рост кардем.  Ман дар 40- солагӣ бева монда бошам ҳам, ягон вақт пеши касе гардан хам накардаам, ки кӯмак расонед. Умри ҷавонамро ба  парвариши чорво сарф карда, бо меҳнати ҳалол фарзандонамро калон кардам. Дар солҳои душвори ҷанги дохилӣ ҳам мо азоби сахт накашидем, чунки молу ҳол доштем, ҳамонҳоро фурӯхта мехӯрдем.  Шукри Худо, ки замона тинҷу ором ва ҳама ҷо серию пурӣ шуд…

-Бибиҷон чанд набераю абера доред?

-Ду писарам мондааст, 14 набераю 7 абера дорам, агар ба пои ягонтоашон хоре халад, дилам ба сӯзиш меояд.

-Дар охир ба мо як дуои сафед медиҳед?

-Худо ба шумо ҳам мисли ман умри дарози бобаракат ва бахту иқболи баланд диҳад.  Омаданатон барои мани кампир бӯстон шуд, илоҳо зиндагиатон гулистон шавад ва ҳеҷ гоҳ рӯи каму ғамро набинед!

Суҳбаторо:  Маҳинаи Давлат 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *