«Қонунофарӣ»-и нозири барқ: Чаро истифодаи мошинаи ҷомашӯиро манъ кард?

Вақте шунидам, ки нозири барқи деҳа истифодаи мошинаи ҷомашӯиро ба модарам ва завҷаи бародарам манъ  намудааст, ҳам тааҷҷуб намудам ва ҳам аз ба «қонунофарӣ»-и нозири барқ нороҳат шудам.

Найранги нозири барқ

Мошинаи ҷомашӯӣ аз хатти барқи  ба ҳисобкунаки барқӣ пайваст  фаъолият мекунад ва ягон ҳолати дуздии барқ вуҷуд надорад. Дар ин маврид бояд қайд кард, ки мошинаҳои ҷомашӯӣ бо 220 волт кор мекунанд, онҳо кафшери худсохти барқӣ, осиёб, обҷувози барқӣ, ҷувози  равғанкашии барқӣ ва ё танӯри барқии дӯкони нонпазӣ нестанд, ки барои фаъолияти онҳо иҷозатномаи махсуси масъулони шабакаҳои барқӣ лозим бошад. Дар ягон қонун ва ё қароре истифодаи мошинаҳои ҷомашӯӣ манъ карда нашудааст ва ин қарори шигифтовар танҳо ба зеҳни  нозири барқ дар деҳаи Шунуки ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода   Фирузи Нурулло  омадааст. Аҷаб нозирони барқ дорем, ки баъзеашон бо ҳар ҳиллаю найранг ва қонунбофии худ мехоҳанд мардумро тарс диҳанд ва ба ин васила маблағ рӯёнанд.

Аслан, нозирони барқ дар маҳалҳо нақшаи ҳармоҳаи ҷамъоварии маблағи барқ аз ҳудуди фаъолияти худро доранд.  Ҳамарӯза аз тариқи телевизион аз муштариён хоҳиш карда мешавад, ки маблағи барқи худро дар шуъбаҳои «Амонатбонк»  пардохт намоянд ва ин усул ба хотири кам кардани нозирони барқ роҳандозӣ шудааст, пайравӣ ба ин реклама муштариёни барқ дар деҳотро ба мушкилоти нав дучор хоҳад кард. Баъзе аз нозирони барқ муштариёни ба бонк маблағсупорандаро ба «рӯйхати сиёҳ»-и худ ворид карда, нисбати ин гуна муштариён муносибати хуб надоранд, зеро онҳо барои пур шудани нақшаашон ба онҳо мусоидат намекунанд. Илова бар ин, расидхати пардохти маблағи барқ тавассути чекҳои хазинавии сайёри нозирони барқ ҳамчун санад эътироф кардан душвор аст, чунки бо гузашти муддате он дигар имконияти хондашавиро надорад ва дар сурати сар задани баҳс атрофи қарзи маблағи барқ он чекҳо ба кор намераванд. Вале санади  «Амонатбонк» чопӣ аст ва то чанд сол ранги он хира намешавад.  Ҳамзамон, дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пардохти ғайринақдӣ мавҷуд аст ва ҳоло сокинон имкони пардохти маблағи барқро тавассути кортҳои бонкӣ ва саҳифаҳои интернетии бонкҳо доранд, аммо муштариёни замонавии барқро зарур меояд аз «ғазаб»-и нозирони барқ эҳтиёт шаванд. Дар ғайри сурат бо баҳонаҳои гуногун, ба монандӣ дуруст кор накардани ҳисобкунаки барқӣ ва ё истифодаи ғайриқонунии барқ метавонанд муштариро то ба додситонӣ ва додгоҳ овора намоянд.

Ҳисобкунаки  хонаи беодам 1708 сомонӣ

Баҳсҳои қарздорӣ аз маблағи барқ, нодуруст ҳисоб шудани он аз тарафи нозирони барқ яке аз масъалаҳои доимии ҳаёти мо гардидааст ва шикояти муштариёни барқ аз шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб ва дигар ноҳияҳо дар барномаҳои радиои «Имрӯз» гувоҳи ин суханҳо аст. Масъулони фурӯши барқ шаҳрвандонро қарздори асосии маблағҳои барқӣ медонанд, ки ҳаҷми қарзи онҳо мувофиқи маълумоти оморӣ, беш аз як миллиард сомониро ташкил медиҳад. Аммо аз тарафи дигар аҳолӣ низ аз кормандони барқ шикоят доранд, ки маблағи барқи онҳоро барзиёд ҳисоб намуда, онҳоро қарздор мебароранд ва ё аз будаш зиёд маблағ мегиранд. Мисоли ин гуфтаҳо ҳодисаи қарздории ҳамкорам аз маблағи барқ шуда метавонад. Ӯ дар давраи бемориаш дар беморхона бистарӣ буд ва баъдан ба хонаи модараш меравад ва танҳо охири моҳ ба хона бармегардад, аммо қарзи барқи хонаи ӯро нозири барқ 70 сомонӣ ҳисоб мекунад. Ҳамкорам бо пофишории худ нозирро водор месозад, ки маблағи воқеии масрафи барқи хонаи ӯро муайян намояд, ки 70 сомонӣ на, балки 7 сомонӣ будааст. Вале на дар ҳама ҳолат ба шаҳрвандон имкон дода мешавад, ки қарздор набудани худро исбот намоянд. Масалан, Ҳ. Холбобоев, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода, маҳаллаи 3-юм, бинои 27, хонаи 68 пас аз як сол бо оилааш аз муҳоҷират бармегарданд, аммо ҳисобкунаки хонаи холии онҳо дар ин муддат беш аз 1708 сомонӣ аз маблағи барқ қарздор гаштааст, ҳол он ки дар манзили мазкур таи як сол касе зиндагӣ накардааст. Аз куҷо ин қарзи барқ пайдо шудааст, муаммои сарбастаеро мемонад, зеро маблағи барқ аз соли харидани ин манзил, яъне соли 2016 то моҳи апрели соли 2018 пурра пардохт гаштааст ва дар муддати ду сол аз тарафи Идораи барқи шаҳри Турсунзода  ягон даъвое нисбати соҳибмулки манзили мазкур нашудааст. Шаҳрванд Ҳ. Холбобоев то ҳол овораи ин қазия гашта, санадҳои дар Тоҷикистон ҳузур надоштани ӯ низ аз тарафи Идораи фурӯши барқи шаҳри Турсунзода ба эътибор гирифта нашудааст.

Чаро нозирони барқ тез-тез иваз мешаванд?

Нозирони барқ зуд-зуд иваз мегарданд, шояд сабаби инро мо дар кам будани маоши онҳо нисбат диҳем, вале шояд далели асосии иваз гаштани нозирони барқи маҳаллаҳо рӯйпӯш кардани амалҳои номатлуби онҳо бошад, зеро дар маҳали нав аз найранги онҳо хабар надоранд.

Соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои сердаромади Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, вале ШХСК «Барқи тоҷик» ба мушкилот дучор гардидааст.  Агар сабабгори асосии ин вазъиятро марбут ба дуздии барқ донем, пас дузди барқро на танҳо аз миёни муштариён, балки дар миёни кормандони соҳаи барқ ҳам бояд ҷуст, зеро усулҳои истифодаи барқи ғайриқонуниро маҳз онҳо бештар медонанд ва шояд бархе ҳамдасти барқдуздони хурду бузург бошанд.

Дар даврае, ки норасоии барқ дар ҷумҳурӣ вуҷуд дошт, истифода аз танӯрҳои барқӣ барои нонпазӣ манъ гашта буд ва дӯконҳои нонпазӣ аксарият бо ангишт фаъолияти худро ба роҳ монданд. Солҳои охир маҳдудияти барқ бартараф гардид, вале на ҳамаи дӯконҳои нонпазӣ дубора ба танӯрҳои барқӣ баргаштанд. Ҳарчанд нонпазӣ бо ангишт барои нонпазҳо каме мушкил бошад ҳам, вале аз ҷиҳати молиявӣ фоидовар гашта, онҳоро ҳам аз санҷишҳои зиёд ва ҳам бардоштани «ноз»-и баъзе аз кормандони барқ раҳонид. 

Симчӯбҳои фарсуда кай иваз мешаванд?

                Дар масъалаи таъмини аҳолӣ  бо барқ мушкилот зиёд аст. Агар дар шаҳрҳо симчӯбҳои барқӣ, трансформаторҳо  ва ҳисобкунакҳо ройгон насб гарданд, аммо дар деҳот аксаран иваз кардани симчӯбҳои куҳна, трансформаторҳо ва ҳисобкунакҳои барқӣ аз ҳисоби аҳолӣ аст. Ҳол он ки харидорӣ ва насби симчӯбҳо, трансформаторҳо ва ҳисобкунакҳои барқӣ мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда» бояд аз тарафи фурӯшанда, яъне ШСХК «Барқи тоҷик» ройгон сурат гирад. Ҳимматбаландӣ, ғурур ва ё хоҳиши идора ба идора овора шуданро надоштани сокинони деҳот бошад, ки дар масъалаҳои  вобаста ба барқ, ба монандӣ иваз кардани симчӯбҳои куҳна, таъмир ё нав кардани тарнсформаторҳо  дар бисёр маврид сокинон такя ба маблағҳои худӣ менамоянд. Шояд дермонӣ ва кашолкорӣ аз тарафи идораҳои барқ онҳоро ба худхидматрасонӣ водор карда бошад.   

Ба масъалаи рушди деҳот таваҷҷуҳ намудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бесабаб нест, зеро муҳоҷирати мардуми деҳот ба шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ ва  Федератсияи Россия авҷ гирифтааст, дар баъзе деҳаҳо аллакай хонаҳои холимондаро пайдо кардан душвор нест. Аз як тараф, пайдо кардани маблағи зиёд одамонро ба муҳоҷирати оилавӣ ташвиқ карда бошад, аз тарафи дигар, онҳоро шароити хуби зиндагӣ дар шаҳрҳо ба ин амал водор сохтааст. Чунки дар шаҳрҳо сокинон барои симчӯб, трансформатор, ҳисобкунакҳои барқӣ ва таҳсили фарзандонашон дар мактаби миёнаи умумӣ маблағ намесупоранд, аммо дар деҳот аҳвол чунин нест. Дар давраи эълон гаштани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» монеа гаштани масъуле  ба пешравии деҳот ва рӯзгори мардум ин маънои онро медиҳад, ки ӯ муқобили сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст ва ё нафаре аст, ки на қонунҳои ҷумҳуриро медонаду на  аз сиёсати замон бохабар аст. Шояд барои ин гуна масъулон қонуни худ ва сиёсати шахсиашон, ки барои андӯхтани сарват равона шудааст, аз ҳама боло бошад?

Шояд пас аз ин навиштаҳо барои иваз кардани ройгони симчӯбҳои фарсуда, трансформаторҳо ва ҳисобкунакҳои ройгон барои сокинони деҳоти Тоҷикистон иқдом намоянд ва онҳоро ҳам шаҳрванди комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намоянд ва муҳимтар аз ҳама, нозирони барқ бо онҳо ҳамчун инсон муомила намоянд ва  истифодаи шеваи тарсонидану таҳдидро фаромӯш карда, аз ҳадди ваколатҳои хидматии худ берун нараванд.

Сӯҳроби Мирзоалӣ,

рӯзноманигори мустақил

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *