Кашфи ашъори нави устод Рӯдакӣ

Муҳаққиқони эронӣ Заҳро Насиришироз, Насруллоҳи Имомӣ, Мижгон Шермуҳаммадӣ ва Саҷҷоди Деҳқон чанд байти тозаи устод Рӯдакиро аз фарҳангҳо пайдо карда, тариқи маҷаллаҳои “Матншиносии адаби форсӣ” ва “Бӯстони адаб”  муаррифӣ намуданд.

Гар сари ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Шеъри ӯро баршумурдам, сездаҳ рах сад ҳазор,

Ҳай фузун ояд, агар чунонки бояд бишмарӣ.

Ин мисраъҳои шоири асри  XI Рашидии Самарқандӣ шаҳодат медиҳанд, ки падари шеъри форсӣ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз шоирони сермаҳсул будааст.  Аммо, мутаассифона, то ба имрӯз бештар аз ҳазор байти устод Рӯдакӣ дастраси мо асту халос. Ҳамин аст, ки  чун аз  миёни сафҳаҳои китобе донишмандон  қитъае ё байтеро аз устод пайдо кунанд, боиси  хурсандии ҳазорон ҳазор ҳаводори шеъри форсӣ дар саросари густараи бузурги забони форсӣ мешавад.

Инак, донишмандони эронӣ  устодони забону адабиёти форсии Донишгоҳи Аҳвози Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ду фарҳанги ба мо номаълум  байтҳои тозаи устод Рӯдакиро пайдо карда, онҳоро тариқи мақолот ба таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва дӯстдорони адаб ироа кардаанд.

МАҚОЛАИ АВВАЛ “Баррасии абёти тоза ва мансуб ба Рӯдакии Самарқандӣ дар фарҳанги “Луғати Ҳалимӣ” (Шарҳи “Баҳр-ул-ғароиб”) ном дошта, ба қалами Заҳро Насиришироз, Насруллоҳи Имомӣ  ва Саҷҷоди Деҳқон мансуб аст ва дар маҷаллаи “Матншиносии адаби форсӣ” (1397, шумораи 4 (40)  чоп шудааст.

Мавриди ёдоварист, ки фарҳанги “Луғати Ҳалимӣ” фарҳанги дузабонаи форсӣ ба туркӣ буда, тахминан дар асри XV-и мелодӣ (9-и ҳиҷрии қамарӣ) иншо шудааст.  Муаллифи луғат вожаҳои форсиро ба забони туркӣ шарҳ дода, баъд ашъори шоирони форсизабонро ба шоҳид овардааст. Дар ин луғат ашъори Рӯдакӣ фаровон истифода шудааст. 

Нависанда ва муҳаққиқи осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Қодири Рустам, ки бори нахуст дар Тоҷикистон аз пайдо шудани байтҳои нав хабар дод, мегӯяд, ки “Фарҳанги “Луғати Ҳалимӣ”  низ аз маъохизи устод Саиди Нафисӣ будааст, вале зоҳиран эшон аз нусхаи ноқисе аз ин луғат истифода бурдаанд, чун се байти тозаеро, ки танҳо дар ин луғат дида мешавад, дар китоби хеш наёвардаанд”. 

Аз мутолиаи мақолаи “Баррасии абёти тоза ва мансуб ба Рӯдакии Самарқандӣ дар фарҳанги “Луғати Ҳалимӣ” бармеояд, ки муаллифон ду нусхаи ин луғатро, ки яке дар Китобхонаи миллии Эрон ва дигаре китобхонаи маҷлис нигаҳдорӣ мешавад, мавриди баррасӣ қарор дода, бо фарҳанги Шуъурӣ, ки фарҳанги туркӣ ба форсӣ буда, аз фарҳанги “Луғати Ҳалимӣ” таъсир гирифтааст, муқоиса кардаанд. Ҳамин тавр, се байти ҷадиди устод Рӯдакӣ, ки дар ҳеҷ маъхази дигаре дида намешавад дастраси мо гардид.

Байти нахуст ин аст:

Мар маро дар банди ғам созад асир,

Чун зи пича бозгирад пичабанд.

Лозим ба таъкид аст, ки дар асли фарҳанг вожаҳои “пича” ва “пичабанд” ба гунаи “пунҷа” ва “пунҷабанд” омада ва “пунҷа” ба маънии “пешонӣ” шарҳ шудааст ва муаллифони мақола  бо барқарор кардани асли ин калимаҳо онро ба гунаи  дуруст сабт кардаанд. Азбаски “пича” ва “пичабанд” вожаҳои хоси форсии мовароуннаҳрӣ

будаанд (ки ба яке аз маъноҳояш имрӯз низ дар миёни тоҷикон роиҷ аст) бештари  фарҳангҳои форсӣ  ин калимаҳоро ба шаклҳои ғалати “пунҷа” ё  “пунча” овардаанд.

Байти дувум  дар нусхаи Китобхонаи Маҷлис ба сурати 

Нахусб, кун сипарӣ  кори он ҷаҳони дигар,

Зи пеши он ки кунад марг умри ту сипарӣ.

омада, вале дар нусхаи Китобхонаи миллӣ мисраи аввал ба гунаи

Махусбу кун сипарӣ кори он ҷаҳони дигар

Муҳаққиқ Қодири Рустам, ки таҳиягари нусхаи мукаммали “Девони Рӯдакӣ” дар Тоҷикистон дар мавриди ин байт мегӯяд:

“Муаллифони мақола ҳадс задаанд, шояд калимаи аввали байт “нахуст” бошад, ки ба фикри мо чунин нест ва ҳамон “нахусб”-у “маҳсуб” афзалтар менамояд.”

Байти савум чунин аст:

Хоҷа аз меҳтарон наварди ман аст,

Ҳамчунон шеъри ман ба дил-ш навард. 

Ба хулосаи Қодири Рустам вожаи “навард” дар ин байт ба маънои “дархуранда” (сазовор, писандида)  омадааст.

Бино ба иттилои муаллифони мақола, дар луғати мавриди таҳқиқ байтҳое ҳастанд, ки дар фарҳангҳои дигар ба шоирони дигар мансубанд ва дар ин ҷо ба номи Рӯдакӣ забт шудаанд ва низ байтҳое мавҷуданд, ки  дар фарҳангҳо ба номи Рӯдакӣ омада, дар ин луғат ба номи шоирони дигар забт шудаанд, ки ин мавзӯи баҳси дигарест.

МАҚОЛАИ ДУВУМ, ки аз пайдо шудани ашъори то ба ҳол номаълуми устод Рӯдакӣ хабар медиҳад “Баррасии абёте навёфта аз Рӯдакӣ дар фарҳанге ношинохта” унвон дошта, ба қалами устодони Донишгоҳи Аҳвози Эрон Насруллоҳ Имомӣ, Мижгон Шермуҳаммадӣ ва Саҷҷод Деҳқон мутааллиқ аст ва дар шумораи 2, поизи 1397 маҷаллаи шеърпажӯҳии “Бӯстони адаб” –и Донишгоҳи Шероз чоп шудааст.

Аз мутолиаи мақола бармеояд, ки дар китобхонаи Донишгоҳи Теҳрон ва Китобхонаи миллии Эрон ду нусха аз як фарҳанги ношинохтаи тафсирии забони форсӣ, ки муаллиф ва соли таълифаш маълум нест, нигоҳдорӣ мешавад. Муаллифони мақола замони таълифи ин фарҳангро ба асрҳои 8-9 ҳиҷрӣ (14-15 мелодӣ) тахмин кардаанд. Дар ин фарҳанги ношинохта, ки то кунун чоп ва таҳқиқ нашуда буд, 2 байт ба номи Рӯдакӣ омада, ки то ба имрӯз барои рӯдакишиносон  номаълум буданд.

Байти аввал:

Зи гурми ҳаҷр дилам гарм гашту аз сардӣ,

Ба сӯйи коми висолаш намезанам гоме.

Дар мавриди ин байт муаллифони мақола менависанд: “Ҳарчанд ин байти мансуб ба Рӯдакӣ танҳо дар ин фарҳанг дида шуда, ин интисоб мавриди тардид аст. Агар вожаи “гурм” саҳеҳ бошад, “гурм” ва “гарм” ҷиноси хаттӣ ва “ком”-у “гом” ҷиноси музореъ доранд; ҳамчунин “ҳаҷр”-у “висол” ва “гарм”-у “сард” баёнгари санъати тазод дар ин байт ҳастанд ва риояти ин навъ ҷинос ва саноеъи адабӣ дар сабки Рӯдакӣ ва замони ӯ чандон роиҷ нест”.

Қодири Рустам ба ин ақидаи муҳаққиқони эронӣ розӣ нест:

“Дар мавриди таҷнис гуфтаи муаллифон дуруст аст, ва аммо дар мавриди санъати тазод иштибоҳ мекунанд. Баръакс тазод аз муҳимтарин вежагиҳои шеъри Рӯдакӣ аст. Чанд намунаи зайл, муште аз харвор аст:

Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст,

Шодии ӯ ба ҷойи темор аст.

***

Некбахт он касе, ки доду бихӯрд,

Шӯрбахт он, ки ӯ нахӯрду надод.”

Ҳамчунин, ин муҳақиқи тоҷик бо далели монанд набудани шеваи баёни ин байт ба сабки баёни Рӯдакӣ моли Одмушшуро будани онро инкор мекунад.

Байти дувум аз фарҳанги номаълум ин аст:

Чашми ман борад сиришки ҳамчу ҳин,

Аз сари дунёву дин бархез, ҳин!

“Байти мазкур дар вазни Калила ва Димна ва Синбоднома аст ва дар он “ҳин”-и аввал сел ва “ҳин”-и дувум “шитоб кун” , “зуд бош” аст.”-шарҳ медиҳад Қодири Рустам.  

Хамчунин, дар ин фарҳанг ду байти дигар ба Рӯдакӣ нисбат дода шудааст, ки дар маъхазҳои дигар ба шоирони дигар тааллуқ доранд.

Байти аввал:

Остин аз барои ранҷи дилам,

То ба оринҷ баркашӣ ҳар дам.

Ин байт дар Фарҳанги Шуъурӣ бо андаке тафовут ба номи Асадӣ омадааст: (ба ҷойи “мекашӣ” “мезанӣ” дорад). Аммо Қодири Рустам мегӯяд, ки “сабки шеър ва мазмун бештар ба навиштаи Рӯдакӣ будани байт далолат мекунад. Ҳамчунин, фарҳанги ношинохта ҳадди ақал як аср қабл аз Фарҳанги Шуъурӣ таълиф шудааст.”

Байти дигар:

Ишқи ӯ анкабутро монад,

Битанидаст тафта гирди дилам.

-мебошад, ки дар фарҳангҳои дигар ба номи Шаҳид сабт шудааст ва хулосаи Қодири Рустам моли ӯст.

Пайдо шудани байтҳои устод Рӯдакӣ гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар маъхазҳои мухталифу дастнорасида ашъори парокандаи Одамушшуаро зиёд аст, ки бояд мавриди ҷустуҷӯ қарор бигиранд. Зеро ба гуфти доктор Шафеъии Кадканӣ пайдо шудани як байти Рӯдакӣ баробари пайдо шудани як девон аст.

Одил Нозир

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.