«Опел-Зефира» бо ронанда ва 4 мусофираш аз зери тарма бароварда шуд

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як мошинро бо мусофиронаш аз муҳосираи барф бароварданд.

Тавре аз маркази матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, дар натиҷаи яхбандӣ ва ҷамъшавии ғарами барф 14 феврал соати 22:30 дар километри 68-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, мошини тамғаи «Опел-Зефира» бо ронанда ва 4 мусофир, ки дар байни онҳо як зан бо кӯдаки хурдсол буд, ба ғарами барф гирифтор гашт. Мошин ба самти шаҳри Хуҷанд ҳаракат мекард.

Сарфи назар аз огоҳии Кумита оид ба хавфи пайдоиши яхбандӣ,ҷамъшавии ғарами барфҳо, инчунин лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ, чархҳои мошин ба зимистона иваз нашуда, нақлиёт бо завлонаи бехатарӣ муҷаҳҳаз нагардида буд.

Барои кумак ба зарардидагон наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд, ки бо саъю кӯшишҳои онҳо нақлиёт аз ғарами барф бароварда шуда, он ҳаракати худро ба самти Хуҷанд идома дод. Дар робита ба баландшавии ҳарорати ҳаво дар рўзҳои охир ва боришот дар минтақаҳои кўҳӣ якбора зиёд шудани хавфи лағзиши тармаи тар дар назар аст. Бояд зикр кард, ки фишори тармаи тар дар 1 метри мураббаъ 50 тоннаро ташкил медиҳад.

Бинобар ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз шаҳрвандон ва меҳмонон хоҳиш менамояд, ки ба қадри имкон аз сафарҳо ба минтақаҳои тармафароӣ худдорӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *