Ғорати маблағ ва телефон
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 20-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 21-уми декабри соли 2018, шахсони номаълум ӯро бо мақсади ба манзили истиқоматиаш расонидан аз маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе ба автомашина савор карда, дар маҳаллаи 103-юми шаҳри Душанбе ӯро лату кӯб намуда, бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ 1560-сомонӣ ва 1 адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Ҷ-1”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар шаҳрвандон: марди 25-солаи сокини шаҳри Душанбе ва марди 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Бознашр аз сомонаи www.vkd.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ