20 сол дар даруни кӯл

Яке аз сокинони Бенгалияи ҷанубӣ бо исми Патаруни Гош 20 сол боз  тамоми рӯзашро дар даруни оби кӯл мегузаронад. Ин зан гирифтори бемории нодире мебошад, ки танҳо тавассути об онро табобат кардан мумкин аст. Бо сабаби беморӣ ҷисми ин ҳиндузан пайваста илтиҳоб гирифта, дард мекунад. Азоби Патаруниро танҳо об камтар месозад, аз ин лиҳоз, зан ҳамарӯза 12-14 соат дар даруни кӯл мешинад. Ҳоли зан аз таъсири нурҳои сӯзони офтоб хеле бад мешавад, вале Патарунии бечора, ки умраш аллакай ба 65 расидааст, аз гармӣ нафасгир шавад ҳам, маҷбур аст, ки аз об берун набарояд. Камбизоатӣ ва надоштани маблағи кофӣ имкон намедиҳад, ки зан ба табибон муроҷиат намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *