Орзугул Хуҷамова: Аз имтиҳони зиндагӣ гузаштан осон нест
Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман»-и ҳафтаномаи «Оила», ҳунарманди хушсадои кишвар Орзугул Хуҷамова дар мавриди суоли “оё келин ҷойи духтарро гирифта метавонад?” изҳори назар кард.
— Шумо ба ман саволе пешниҳод кардед, ки ҷавобаш хеле мушкил аст, вале ҷавоб медиҳам. Зиндагии оилавӣ шебу фарози зиёде дорад, ки танҳо шахси соҳибиродаву қавӣ метавонад онро бо сари баланд тай кунад. Аз имтиҳони зиндагӣ гузаштан осон нест. Ҳар як модар бо умеди зиёд ба камол расидани писарашро интизор мешавад, то писараш калон мешавад, ки ў сад духтарро таги чашм карда, бо ҳавас ба вай менигарад. Аммо танҳо модари хирадманду соҳибмаърифат дарк мекунад, ки пояи зиндагии оилавӣ бояд бо муҳаббат рехта шавад. Аз ин рў, дар издивоҷ фикри фарзандашро мепурсад, месанҷад, мебинад ва баъд ба хонадоршавии фарзандаш розигӣ медиҳад.
Ман ду келин дорам, ки онҳо ҳунарманду хушодобу соҳиби хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ҳастанд. Ҳурмати аҳли хонавода ва хешу таборро ба ҷо меоранд, камбудие надоранд дар зиндагии оилавӣ. Албатта, ҳар модар ҳамсари писараш, модари набераҳояшро дўст медорад. Кӯшиш мекунад, ки онҳоро бо насиҳату хушгўӣ дар роҳи зиндагии мустақил роҳнамо бошад. Ман низ аз ҳамон шумул ҳастам.
Гумон мекунам, мо занҳо пеш аз он, ки ҳунарманду корманди давлатӣ, бинокору омўзгору бонкиру сиёсатмадорем, рисолати азалиямон модар будан аст. Мо дар ҳалқаи хонавода ҳамсару модару хушдоман ҳастем ва бояд рисолатеро, ки Худованд ба дӯши мо гузоштааст, сарбаландона иҷро кунем…
Ба саволи он ки “оё келин ҷои духтарро гирифта метавонад?” чунин посух мегӯям: Келин новобаста аз одобу ахлоқу меҳрубонию ҳурмату эҳтиромаш ҳаргиз ҷойи духтарро гирифта наметавонад. Ин фикри шахсии ман аст. Аммо ў ба хотири фарзанди мо ба хонадони мо омадааст ва барои хушдоман азиз аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ