Саттор Қувватов

Саттор Қувватов: Фармони Президент иҷро нашуд!

Забони имову ишора ва норасоиҳои сурдотарҷумонҳо аз ҷумлаи мушкилиҳои ҷомеа, махсунан ношунавоён маҳсуб меёбад. Доир ба ин масъала бо Саттор Қувватов, муовини директори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамсуҳбат шудем.

— Солҳои охир шумораи одамоне, ки мушкилоти шунавоӣ доранд, рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Вазъи ба таълим ҷалб кардани ин гуруҳи имконияти маҳдуддошта чӣ гуна аст?

— Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки аз теъдоди умумии кӯдакони ношунаво ҳамагӣ 25-30% ба таълим фаро гирифта мешаванду халос. Вале омори солҳои охир умедворкунанда аст. Агар дар муқоиса гирем, соли 2018 теъдоди ҷалби кӯдакони ношунаво ба мактабҳои махсус 1112 нафарро ташкил мекард, ки ин рақам  дар соли 2022 ба 1245 нафар расидааст.

— Барои ҷалби онҳо ба таълим чӣ ва ё кӣ монеа эҷод мекунад?

— Вақте кӯдак ношунаво ба дунё меояд, духтур волидайнро умедвор мекунад, ки эҳтимол шунавоии кӯдак барқарор мешавад. Бештари волидон ба ин умед кӯдаконашонро ба таҳсил намедиҳанд. Вале бояд духтурон фаҳмонанд, ки кӯдакони ношунаворо дар баробари табобати муосир аз таълими махсус манъ накунанд.   

— Солҳои пеш дар телевизион сурдотарҷумонҳо фаъолият доштанд ва хабарҳоро бо забони имову ишора ба ношунавоён мерасониданд. Ҳоло ин чиз қариб ки дида намешавад. Сабаб чист?

— Мушкили сурдотарҷумон дар Тоҷикистон яке аз мушкилиҳои калидӣ аст, заро дар кишвар мутахассис тайёр карда намешавад. Феълан, дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мо сурдопедогогҳоро омода мекунем, ки онҳо омӯзгор мешаванд, на тарҷумон. Тақрибан як сол мешавад, ки навиди ТВ “Сафина”-ро (соати 15:00) рӯзҳои сешанбе, чоршанбе,  панҷашанбе ва ҷумъа ман ва як шогирдам пешкаши ношунавоён мекунем. Дар телевизиони “Баҳористон” низ барномаеро барои ношунавоён тарҷума карда истодаем.

— Шумо солҳои охир миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ семинару тренинг мегузаронед. Онҳо чӣ натиҷа доданд?

— Бале. Мо кормандони тиб, ҳифзи ҳуқуқ, иҷтимоӣ ва маорифро каме ҳам бошад, забони имову ишора омӯзонида истодаем, чунки вақте ба онҳо ношунаво муроҷиат мекунад, бояд дар мадди аввал тавонанд фикри муроҷиаткунандро фаҳманд ва ба ӯ ёрии аввалини тиббӣ ё ҳуқуқӣ расонанд. Илова бар ин, пешниҳоди ман ин аст, ки омӯзиши забони имову ишораро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳам ба роҳ монанд.

— Сабаби норасоии сурдотарҷумонҳо дар кишвар чист?

— Ҳар сол факултаи сурдопедагогии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон 13 нафар донишҷӯ қабул мекунад ва то курси панҷум аз ин шумора ҳамагӣ 3-4 нафар мемонаду халос… То имрӯз 113 нафар ин ихтисосро хатм карданд. Соли 2010 дар мактаб-интернати ношунавоёни ноҳияи Рӯдакӣ се сурдопедагог буд, ҳоло теъдоди онҳо ба 30 нафар расидааст…

Шумо таҷрибаи 32-солаи корӣ дар ин самт доред, муассиси Маркази кӯдакони ношунаво ва Маркази кор бо волидайни ношунавоёнед, ҳафт китоб навиштед, даҳҳо барнома таҳия кардед, вале унвон надоред. Чаро?

— Давоми фаъолиятам се бор бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрдаам. Соли 2019 буд. Ҷаноби Олӣ баъд аз анҷоми боздидашон аз мактаб-интернати мо вақте ба мошин менишастанд, аз ман пурсиданд: “Чанд сол аст, ки дар ин самт кор мекунӣ, зеро ҳар вақте ба инҷо меоям, туро мебинам?”. Ҷавоб додам, ки 30 сол боз фаъолият дорам. Боз пурсиданд, ки унвони давлатӣ дорӣ? Чун посух додам, ки ҳеҷ мукофоту унвон надорам, Ҷаноби Олӣ чанд нафарро даъват карда, супориш доданд, ки маро ба мукофоти давлатӣ пешниҳод кунанд. Ҳатто сарзаниш карданд, ки ин қадар сол кор мекунаду қадршиносӣ нашудааст. Ҳуҷҷатҳояшро омода кунед, ман имзо мекунам гуфтанд, вале ин масъулин маро дигар суроғ накарданд.

— Барои беҳтар гардонидани самти фаъолияти хеш чӣ пешниҳод доред?

— Пешниҳод дорам, ки барои омода кардани сурдопедагогҳо ва сурдотарҷумонҳо дар назди Донишгоҳи забонҳо ё Донишгоҳи омӯзгорӣ факулта ташкил карда шавад. Зеро оморҳои охир нишон дод, ки дар кишвар зиёда аз 30 ҳазор ношунаво зиндагӣ мекунанд. 

Суҳбаторо: Маҳинаи ДАВЛАТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *