Орзугул: Охун духтари ноболиғамро ҳомила карду дар синни балоғаташ кушт
Якуми апрел барои ҳама рӯзи ҳазлу хушӣ бошад, барои оилаи мо мотаму нохушӣ буд. Зеро дар рӯз духтари 27 солаам Гулзода Элмуродова ғӯрамарг шуд. Собиқ домодам-Қаҳрамон Пирматов духтарамро дар синни 16 солагияш бадному ҳомила, дар синни 17 солагияш зан ва синни 18-солагияш бева кард. Ин ҳама дарди бадармоне буд, ки бо гузашти вақт ҳамаш паси сар шуд.
Аммо пас аз 11 соли ҷудоӣ аз духтарам ин марди пеши чашмонаш хунгирифта дубора рақамҳои ӯро пайдо карда, ба доми фиребаш афтонид. Духтари солҳои сол меҳри мардро нодидаю содаи ман ҳам, “падари ягона писарам, ҳеҷ гоҳ нияти бад надорад” гӯён ба қотили ҷони ҷавони худ бовар карда, ба пешвоpи аҷал бо пои худ баромад-бо оҳу нола нақл кард модари марҳум, сокини деҳаи Лангари ноҳияи Спитамен Орзугул Элмуродова:
-“ Гулзодаҷони аз гул нозукам ниcфирӯзии якуми апрел савори автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ки дар рӯзи зодрӯзи додараш тӯҳфа карда будем аз хона баромад, аммо савори тобути сард аз сардхона ба хона баргашт”- нақлашро идома дод модар…
Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “ОИЛА” мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ