Орзуи охирини шоир

— Дар Бухоро мактаби тоҷикӣ боз мешуд, беҳасрат мемурдам…,- мегуфт Асад Гулзодаи Бухороӣ

Аз Бухоро хабари шум расид. 29-уми май яке аз охирин суханварони тоҷики Бухоро, пуштибони забону фарҳанги тоҷикӣ дар ин куҳаншаҳр Асад Гулзода дар синни 90солагӣ аз олам даргузашт. Шоир то нафасҳои вопасин барои боз шудани мактабҳои тоҷикӣ талош кард…

Моҳи майи соли гузашта устод Асад Гулзодаи Бухороӣ ба Душанбе ташриф оварда буданд. Зимни ин сафар (15-уми май) банда бо эшон дар чойхонаи “Роҳат” суҳбате анҷом додам, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонам.

Рӯзи дафни устод Айнӣ

— Устоди азиз, чӣ бардоште аз сафари Тоҷикистон доред?

— Ман гӯё дар хоб ҳастам. Ҳайронам, дар Тоҷикистон аксарият маро мешиносанд. Дирӯз вақте бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ суҳбат доштем, шеърҳои маро мехонданд, дар васфам ҳарфҳои баланд мегуфтанд ва вақти шеърхониву суханрониам қарсакҳои осмонкаф мезаданд. Ростӣ шармам омад… Ба Китобхони миллӣ чанд китобамро бурдам. Ҳамаи кормандони китобхона маро мешинохтанд ва бо иззату эҳтиром муносибат мекарданд. Он ҷо огоҳ шудам, ки ашъори ман ба рӯйхати адабиёти тавсиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар бахши адабиёти кӯдак шомил шуда будааст. Сарам ба осмон расид. Ман аз Тоҷикистон руҳу илҳоми тоза гирифтам. Худамро шоири тоҷик, адиби Тоҷикистон эҳсос кардам. Зеро ман дар Бухоро аз чунин муносибат бенасиб ҳастам. Душанбе бошад, ҳамеша бо ман меҳрубон буд, шеърҳоям ва китобҳоям дар ин ҷо нашр шуда, ҳамчун эҷодкор муаррифӣ шудам.

Шумо бори аввал кай ба Душанбе омада будед?

— 15-уми июли соли 1954. Мактаби миёнаро хатм кардаму ҳуҷҷатҳоямро гирифта ба Душанбе омадам. Ҳамон рӯз устод Садриддин Айнӣ вафот карда буданд ва шаҳр мотам дошт. Дар маросими дафни устод ширкат кардем. Баъдан ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи суханшиносии университет супоридам. Вале Арзуманов ном олими яҳудӣ як савол доду аз посухи ман қонеъ нашуд. Ҳамин тавр ба ман баҳои 4 монд. Он сол барои як ҷой 5 нафар довталаб буданд. Бали гузариш 25 буд, вале ман 24 гирифтам. Бинобар ин, донишҷӯйи университет нашудам ва варақаи имтиҳониро гирифта ба Донишкадаи омӯзгорӣ рафтаву донишҷӯ шудам. 5 сол дар ин даргоҳ таҳсил кардам.

Садои тоҷик

Дар Бухоро муддате муаллим будед, вале чӣ шуд, ки риштаи умри хешро ба журналистика пайвастед?

— Аввал 10 сол дар мактаби Пешкӯй кор карда, то вазифаҳои ҷонишин ва баъдан директор расидам. Соли 1968 дар Радиои Бухоро редаксияи тоҷикӣ кушода шуд, вале мутахассис набуд, ки барнома таҳия кунад. Ҳамон солҳо ман аз Бухоро пайваста ба рӯзномаи “Овози тоҷик”, ки он вақт “Ҳақиқати Ӯзбекистон” ном дошт, мақола менавиштам. Қаюм Муртазоеви конибодомӣ Котиби якуми вилояти Бухоро буд. Ӯ супориш медиҳад, ки маро пайдо карда, ба редаксияи тоҷикии Радиои Бухоро масъул таъйин кунанд. Ҳамин тавр, сарнавишти ман ба радио пайваст ва то ба нафақа баромадан дар он ҷо кор кардам.

Дар бахши тоҷикии радио чӣ барномаҳо пахш мекардед?

— Барномаҳои мо гуногунранг буданд. Бештар аз забону адабиёт ва фарҳанги тоҷик ҳарф мезадем. Радиожурнали ҳаҷвии “Хоҷа Насриддин дар Бухоро” доштем, ки камбудиҳоро ошкор мекард. Ман кӯшиш мекардам, ки барномаҳо рангин бошанд. Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Камол Насрулло, Ӯрун Кӯҳзод ва дигарон вақте ба Бухоро меомаданд, ҳатман меҳмони барномаҳои мо мешуданд…

Ҳоло дар радиову телевизиони Бухоро ба забони тоҷикӣ барномаҳо пахш мешаванд?

— Бале ҳаст, вале хеле кам. Дар радио рӯзе 10 дақиқа ва дар телевизион ҳафтае як соат барномаи тоҷикӣ пахш мешавад…

Вақте дар шаҳри тоҷикон мактаби тоҷикӣ нест…

— Мехостам дар бораи вазъи забон ва адабиёти тоҷик дар Бухоро чанд ҳарф бигӯед…

— Вазъи адабиёти тоҷик дар Бухоро нигаронкунанда аст. Аз шоирон фақат ман мондаму Ҳадяи Бухороӣ, ки ҳар ду калонсолем. Ҷавонони эҷодкоре, ки ба тоҷикӣ нависанд, нестанд.

Сабаб чист?

— Сабаб дар он аст, ки мактаби тоҷикӣ дар Бухоро нест. 

Умуман?

— Бале. Дар Бухоро ҳама ба забони тоҷикӣ ҳарф мезананд. 70 фоизи аҳолии вилоят тоҷик ҳастанд, ки ин беш аз 1 миллион нафар аст. Вале дар ҳуҷҷатҳо фақат 15 фоизи аҳолиро тоҷик нишон дода, ҳатто барои боз шудани синфи тоҷикӣ иҷозат намедиҳанд. Ин дарди бузурги ман аст. Талошҳои мо барои боз кардани синф ё мактаби тоҷикӣ натиҷа намедиҳад. Чанд сол пеш дар Пешкӯй, имзои падару модаронро ҷамъ карда, дар мактаби рақами 9 як синфи тоҷикӣ кушодем, вале умри он ҳамагӣ 15 рӯз идома кард…

— Чаро вазъ чунин аст?

— Гап дар сари он ки қаблан дар Бухоро 70 фоизи мактабҳо тоҷикӣ буданд. Вале оҳиста-оҳиста баста шуданд. Вақте солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад, мо бесоҳиб мондем. Китоби дарсӣ намерасид, вале дар ин вақт китобҳои мунаққашу зебо ба ӯзбекӣ нашр мешуданд. Ҳамин сабаб шуду боқӣ синфҳову мактабҳо ҳам баста шуданд…

— Имрӯз муносибати кишварҳо хуб аст, магар имкони барқарор кардани мактабҳо нест?

— Шукр, ки имрӯз муносибати кишварҳои мо хуб шуд. Президентҳои хирадманди мо — Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дӯстии абадӣ бастанд. Президенти мо шахсияти оқилу фарзона ҳастанд. Аммо мушкил дар он аст, ки ҳанӯз дар ҳукумати мо кадрҳои режими қаблӣ боқӣ мондаанд ва онҳо мактаби тоҷикиро намехоҳанд…

Ба қарибӣ навори суҳбати тезутунди шумо дар ҳузури сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва ҳокими вилояти Бухоро нашр шуд. Шумо дар ин навор низ аз мушкили мактабҳои тоҷикӣ суҳбати тезутунд кардед. Магар наметарсед?

— Умри ман ба 90 дакка мехӯрад. Аз чӣ тарсам? Ман як умр мубориза бурда, зиндагӣ кардаам. Як умр бо кормандони мақомоти қудратӣ кашокаш мекунам. Борҳо маро барои “насиҳат” ҷеғ задаанд. Вақтҳое буд, ки то саҳар ҳавлии маро назорат мекарданд. Вале ман аз роҳам нагаштам. Роҳи ман бошад, ба ҳама маълум: ба маснади хеш шинонидани забони тоҷикӣ дар Бухоро… Вале… Дилам ба миллатам месӯзад. Аз ҷумла ба набераҳои худам. Тасаввур кунед, ки кӯдаки 5-сола ба боғча меравад. Ҳам ӯ тоҷик аст, ҳам мураббия, вале ҳар ду маҷбурданд, ки ба ӯзбекӣ ҳарф зананд… Талоши ман ҳамин аст, ки боз шудани мактабҳои тоҷикиро дар Бухоро бинам. Баъд мурам ҳам, беармон хоҳам буд…

Эй Бухоро, рӯзе бе ман монӣ ту

— Устод, имрӯзҳо машғули чӣ кор ҳастед?

— Чун ҳамеша машғули корҳои эҷодӣ… Бештар барои кӯдакон менависам. Ман фаъолияти эҷодиамро аз адабиёти бачагон оғоз кардам. Шеърҳоям дар “Пионери Тоҷикистон” ва “Машъал” пайваста чоп мешуданд. Солҳои охир барои калонсолон ҳам менависам. Куллиёти ашъорам дар 4 ҷилд дар Тошканд ба нашр расид… Ҷилди 5-уми он омодаи нашр аст. Бештар дар бораи Бухоро менависам. Дарди ман дарди Бухорост…

— Чӣ рӯзгор доред?

— 2 сол қабл ҳамсарамро аз даст додам. Зардӯзи моҳир буд ва дар ин касб ба пояи устодӣ расид. 7 фарзанд — 4 писар ва 3 духтар дорам, ки шукр, ҳамаашон соҳиби оилаи ободанд. Як фарзандам дар Амрико. Қариб 30 сол шуд, ки дар яке аз бонкҳои бонуфуз кор мекунад. Бинобар ин, солҳои охир ман бештар дар Амрико иқомат дорам. Дар Бухоро на ҳамсуҳбат дорам, на ҳамақида, на хонанда. Агар дар ҷамъе нишинему аз таърих, забону адабиёт ва ҳуқуқи тоҷикон суҳбат оғоз кунам, хеста мераванд…, метарсанд ҳанӯз…

Эй Бухоро, рӯзе бе ман монӣ ту,

Пас китоби шеъри манро хонӣ ту.

Дарди манро баъд бидонӣ, шаҳри ман,

Баъди рафтан қадри манро донӣ ту!

О. НОЗИР

ҲОЛНОМА:

Асад Гулзода (тав. соли 1933, деҳаи Шавгони ноҳияи Пешкӯи вилояти Бухоро). Хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе. То соли 1968 дар мактабҳои тоҷикии вилояти Бухоро ва баъдан дар бахши тоҷикии Ширкати телевизиону радиошунавонии вилояти Бухоро фаъолият дошт. Маҷмӯаҳои шеъраш бо номҳои “Насими Бухоро”, “Хати пешонӣ”, “Бухоро”, “Шукуфаҳои Бухоро”, “Намози рӯи барг”, “Нафаси баҳор”, “Гули мурод”, “Арзи сипос”, “Паёме аз Бухоро” ва куллиёти ашъораш дар 4 ҷилд таҳияву дар Душанбе, Бухоро, Тошканд ва Теҳрон ба чоп расидаанд. Асад Гулзода аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *