Прокуратураи генералӣ дурӯғи мақоларо ошкор кард

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақолаи “Табиби бемористони “Истиқлол” Муҳаммадалӣ Акрамовро дар пеши чашми ҳама зада-зада куштанд…” дар сомонаи расмии худ вокуниш нишон дод.

— Бо омӯзиши маводҳои парвандаи ҷиноятӣ ҳолати аниқи ҳодиса маълум карда шуд, ки хабар дар мақолаи “Табиби бемористони “Истиқлол” Муҳаммадалӣ Акрамовро дар пеши чашми ҳама зада-зада куштанд…”, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, дар қисмати “дар наздикиҳои маҳаллаи Зарафшон байни билетчинаку ронанда аз як тараф ва як пирамарди мусофир аз тарафи дигар баҳс ба амал омадан ва бетараф наистода, ба ҳимоят аз он мӯсафеди таҳқиршуда сухан гуфтани Акрамов М. С., инчунин дар истгоҳи охирин фаромадани Акрамов М. С. ва дар ҳамин вақт билетчинак монтировка дар даст, давида омада бо он ба сари Акрамов М. як зарба задану боз бо ронанда якҷоя ба сару рӯи ӯ чанд шатта зада, маршруткаашонро ронда рафтанашон” асоси воқеӣ надорад,- гуфта шудааст дар вокуниш.

Дар вокуниш омадааст, ки зуҳри 19-ум май дар ҳудуди деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакй байни ноболиғ Бобоҷон Муродов, соли таваллудаш 2005, ки “кондуктор”-и хатсайри №8 будааст ва шаҳрванд Маҳмадалӣ Акрамов, соли таваллудаш 1963, сокини маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе, ки духтури бемористони “Истиқлол” будааст, муноқиша сар мезанад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, дар рафти ҷанҷол М. Акрамов ба мусофиркаш нанишаста, ба суроғаи модари Б. Муродов дашномҳои қабеҳ мефиристад. Ноболиғ Б. Муродов бо сабаби аз ҷониби М. Акрамов таҳқир шудани модараш, бо истифодаи зӯроварӣ, бо мушти дасти росташ ба рухсораи М. Акрамов зарба задааст. Дар натиҷа М. Акрамов ба рӯи замини мумфарш афтода, дар натиҷаи бархӯрдани сараш ба он, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Баъдан худи Б. Муродов ва шахсони ҳузурдошта М. Акрамовро  ба беморхонаи шаҳраки “Шифобахш” бурдаанд. Бо вуҷуди расонидани кумаки аввалия номбурда санаи 27-уми май, пас аз 8 шабонарӯз, дар беморхона ҷон додааст.

Зикр мешавад, ки “мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ аз 30-юми май, осеби кушодаи рахнашудаи вазнини косахона ва майнаи сар, шикасти хати устухони фарқу чакка аз тарафи рост, ҳамзамон бемории фишорбаландии шараёни хун дараҷаи 3, хатари 4, сабаби марги номбурда гардидаанд”.

Нисбати ҳодисаи мазкур аз тарафи ВКД ҶТ нисбати ноболиғ Б. Муродов тибқи Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз карда шуда, номбурда ба ҳабс гирифта шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *