Исмоили Маҳмадзоир Ислом Махачевро ба Тоҷикистон овард (видео)

Варзишгари ММА (Бой без правил)-и Русия Ислом Махачев вориди Тоҷикистон шуд. Ӯ бо даъвати раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир меҳмони фахрии ин мусобиқа шуд.

Аз рӯи аксҳои шабакаҳои иҷтимоӣ маълум аст, ки ин варзишгари ММА дар куҳҳои Ҳисор аспсаворӣ карда, шабона дар Душанбе сайругашт мекунад ва аз меҳмоннавозии тоҷикон лаззат мебарад. Ғайр аз ин, ба Махачев либоси миллии тоҷикона туҳфа карда шудааст.

Илова мекунем, ки Гран Прии Душанбе-2023 дар “Қасри теннис ва варзиши обӣ” баргузор мешавад. Рӯзи аввали мусобиқот имрӯз буда, Тоҷикистонро 12 варзишгари ҷудо намояндагӣ мекунанд. Бахши ниҳоӣ 4-уми июн баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *