Ошхӯрони беинтизом муҷозот шудаанд
Ҳукумати шаҳри Душанбе беназмиҳо дар «Фестивали оши палав» дар пойтахтро «таассуфовар» хонд. Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ аз раёсати иттиллооти шаҳрдорӣ рӯзи 12-уми ноябр гуфт, дар пайи ин ҳодиса як гурӯҳ аз сокинон, ки дар ин беназмӣ даст доштанд, муҷозот шуданд.
Дар ин навор дида мешавад, ки мардуми ҷамъомада болои деги ош ҳамла бурда, ба ҷои кафлез, бо дасту коғазу чӯб ва ҳатто каланд, барои худ ош мегирифтанд.
Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, ҳодиса баъд аз рафтани меҳмонон рух дода, раҳбарият ҳам аз нашри видеои беназмиҳо дар болои деги ош хабар доранд. Дар шаҳрдорӣ дар бораи теъдоди вайронкунандаҳои тартибот ва ҷазои онҳо ҷузъиёт надоданд, вале гуфтанд, бо ин кор мақомоти интизомӣ сарукор доранд.
Аммо кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ, ки масъули назорати тартибу низом дар ин ҷашнвораи серодам буданд, аз шарҳи мавзӯъ ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ин беназмӣ худдорӣ карданд.
Аз ду рӯз ба ин тараф дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки анбӯҳи одамон болои деги оши яктоннаӣ «юриш» мебаранд ва бо ҳар васила мехоҳанд аз даруни дег ош ба даст биёранд. Дар ин навор дида мешавад, ки мардуми ҷамъомада болои деги ош, ба ҷои кафлез бо дасту коғазу чӯб ва ҳатто каланд, барои худ ош мегирифтанд. Навор аллакай аз сӯи расонаҳои хориҷӣ ҳам ба нашр расида, ин саҳна мавриди интиқоди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар дохил ва хориҷи кишвар гардидааст.
Таҳияи палави яктонаӣ дар доираи «Фестивали оши палав» нимашаби 10-уми ноябр шурӯъ шуда, раҳбарии онро ошпази маъруф Содирҷон Муҳаммадҷонов бар ӯҳда дошт. Барои таҳияи он 250 кило биринҷ, 200 кило гӯшт, 350 кило сабзӣ, 90 литр раған, 30 кило пиёз, як кило зира ва панҷ кило мавиз ва як килло нахуд истифода шудааст.
Аммо деги бо 1 тонна ош ва заҳмати ҳаштсоатаи шаш ошпаз ҳамагӣ дар бист дақиққа бо беназмиҳо холӣ шуд. Аксар аз сокинон ва меҳмонони пойтахт, ки барои дидан ва чашидани ин ош ба Боғи Фирдавсӣ рафта буданд, бархе пушаймон ва гурӯҳе ҳам танҳо деги холиро диданд. Дар баробари оши яктоннаӣ, ҳамчунин дар чаҳорсад деги дигар низ палав пухта шуда буд.
Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори тоҷик, ки аксҳои пухтани палав дар ин фестивал ва деги 1 тоннагиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар қисмати аввали ҷашнвора сокинон ором сайругашт доранд, аммо беназмиҳо дар қисмати дуюми рӯз сар задааст.
Ду сол пеш ЮНЕСКО, Бунёди илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, «Оши палав»-ро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид кард. Ин пешниҳод аз тарафи Тоҷикистону Узбекистон ироа шуда буд. Бархе аз ошпазҳо мегӯянд, баробари ҷаҳонӣ шудани оши палав таваҷҷуҳ низ ба ин ғизои маъмул дар Тоҷикистон афзудааст.
Бознашр аз Озодӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ