Эстокадаи нави сеқабата дар Душанбе

Масъулини  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ва дигар сохторҳои марбутаи мамлакат зимни мулоқоти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинони  шаҳри Душанбе аз   15 феврали соли 2017 барои  дар  сатҳу сифати байналмилалӣ анҷом додани корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳо,  дарёфти роҳҳои танзиму  ба тартиб даровардани фаъолияти нақлиёти мусофиркашонӣ,  бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар пойтахт супоришҳои қатъӣ гирифта буданд.

Бо ин мақсад  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  танҳо дар шаш моҳи соли 2018  ҷиҳати ба меъёрҳои замонавии шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт дар 17 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 29,8 километр ва 3 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,9 километр корҳои таъмиру  навсозиро  оғоз  намуда, дар 5 иншооти роҳсозӣ дар масофаи 9,8 километр бо масоҳати 134,4 ҳазор метри мураббаъ корҳои сохтмониро ба итмом расонид. Алҳол дар пойтахт бунёду навсозии роҳҳо босуръат ҷараён дорад.

Бояд тазаккур дод, ки   Ҳукумати мамлакат барои  бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт,  бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин  ба меъёрҳои  ҷаҳонӣ мутобиқ намудани  онҳо бунёди эстакадаҳои  сесатҳаро  (роҳҳои болои ҳам)  дар  шаҳр   ба  роҳ мондааст.

Бо ин мақсад  алҳол дар доираи  амалишавии  марҳилаи дуюми лоиҳаи «Барқароркунии роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе»,  дар буриши роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе бунёди  боз як эстакадаи  сесатҳа  тибқи нақша ҷараён дорад.  Эстакадаи мазкур аз  роҳи давродавр ва пул иборат буда, дар буриши ҳалқавии хиёбонҳои Исмоили  Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҷой мегирад. Ҳамчунин дар қисмати шимоливу ҷанубии буриши кӯчаи Абуалӣ ибни Сино гузаргоҳҳои зеризаминӣ сохта мешаванд.
Тибқи қарордод, иншоот моҳҳои апрел – майи соли 2020 бояд мавриди истифода қарор гирад.

Тибқи иттилои менеҷери  лоиҳаи мазкур  Аброр Музаффаров,  инчунин сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Маяковский, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов ва таҷдиди роҳу гузаргоҳи зеризаминии маҳаллаи Қарияи Боло то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе дар назар аст.

«Айни замон корҳо дар самти навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла, лӯлаҳои оби нӯшиданӣ ба итмом расида, гузарондани хати барқ қариб 90 дарсад иҷро шудааст. Лоиҳаи сохтмони эстакада дар доираи ҳамкории  Ҳукумати Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ амалӣ мешавад.

Фармоишгари иншоот Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёт ва паймонкори лоиҳа ширкати синзянии сохтмони роҳҳои «Xinjiang Communications Construction Group Co., LTD»-и  Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.

Тибқи лоиҳа, таҷдиду навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла, лӯлаҳои оби нӯшиданӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳӣ, хатсайри троллейбус ва сабзкорӣ дар назар дошта шудаанд»,- афзуд Аброр Музаффаров.

Тибқи иттилои масъулин, айни ҳол  182 сутунпояи эстакадаи мазкур  насб гардида, корҳои оҳану бетонии пули дусатҳа дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо кӯчаи Маяковский 50 дарсад ба охир расидаанд. Аз 96 сутунпояи пули буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов 16 –тояш васл гардидааст. Ҳамчунин гузарондани барқи 10-киловатта ва васли обпарто қисман иҷро гашта, миқдори корҳои бетонӣ зиёда аз 70 метри мукаабро дар бар мегирад, инчунин дар масоҳати зиёда аз 20 метри мукааб корҳо ба анҷом расидаанд.

 

Тавре зикр гардид,  дар доираи амалишавии ин лоиҳа навсозии гузаргоҳи зеризаминии Қарияи Боло дар назар дошта шуда, дар ин қитъа  боз сохтмони  чанд гузаргоҳҳои дигар дар назар дошта шудааст.

Бознашри маводи Рухсораи НУР
аз АМИТ «Ховар» 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *