Хонаи Махсун Қирмизиглюро ғорат карданд

Расонаҳо менависанд, як муҳоҷири туркман бо гумони ғорати хонаи овозхони маъруфи турк Махсун Қирмизиглю боздошт шудааст. Муҳоҷир аз манзили овозхон 275 ҳазор доллари ИМА-ро рабудааст.

Дар бораи ин ҷиноят 5 ноябр хабар расид. Модари 85-солаи Махсун Қирмизиглю — Файка Арик ба пулис хабар дод, ки вай муҳоҷири 41-солаи туркман Миессер М.-ро гумонбар медонад. Муҳоҷири туркман як ҳафта пеш дар манзили модари овозхон ба ҳайси хизматгор ба кор қабул шуда буд.

 Пулиси Туркия хабар медиҳад, ки Миессар ҳамроҳ бо шавҳараш боздошт шудааст. Аз онҳо 275 ҳазор доллар пайдо ва мусодира шуд. Расонаҳо навиштанд, ки боздоштшудаҳо дар бозпурсӣ ба гуноҳашон иқрор кардаанд.Дар гузашта президенти пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов баъди як консерти бахшида ба 15-солагии истиқлоли Туркманистон, ки соли 2006 дар Ишқобод баргузор шуда буд, ба овозхони турк Махсун Қирмизиглю соати тилоие тақдим кард, ки арзиши 500 ҳазор долларро дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *