“Ошиқи ту манам”- и Аҳлиддини Фахриддин бо ду забон

Овозхони маъруфи тоҷик Аҳлиддини Фахриддин дар ютубканали “Zafari Rahimzod” таронаи навбатиашро бо номи “Ошиқи ту манам” пахш намуд.

Аҳлиддини Фахриддин, ки миёни мардум ҳамчун сарояндаи сурудҳои ғамангезӣ маъруф шудааст, ин навбат баръакси усули пештарааш оҳанги ҷаззобтар ва ба қавле ғайришикоятӣ пешниҳод кардааст.

Намоҳанги суруди “Ошиқи ту манам” дар Русия наворбардорӣ шуда, дар он овозхон бо ҷавондухтаре шабона мошинсаворӣ мекунанд.

Суруди мазкур аз ду қисм иборат мебошад. Матни қисми аввал бо забони тоҷикӣ буда, қисми дуюмро овозхон бо забони русӣ сароидааст.

“Ошиқи ту манам”-ро нисбат ба дигар сурудҳои овозхон шумораи ками одамон шунидаанд, зеро асосан, мухлисони сароянда ӯро бо дигар тарз қабул кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *