Резаахбор: Аз ояндаи Месси то тағйирот дар UFC

Месси ҳамдастаи Роналду мешавад?

Пас аз оне ки бошгоҳи “Интер Майами” аз давоми мусобиқоти “МЛС” маҳрум шуд, расонаҳои хориҷӣ навиштанд, ки эҳтимол аст Месси ба ягон дастаи дигар иҷора дода шавад, зеро мавсими нави футбол барои дастаи ӯ моҳи март оғоз мешавад.

Ҳатто хабарҳое ҳам нашр шуданд, ки Месси эҳтимол ҳамдастаи Криштиану Роналду дар “Ал-Наср” гардад ва ҳамроҳ бозӣ кунанд. Ё худ хабарҳое буданд, ки Месси ба иҷораи кӯтоҳ ба “Барселона” меравад.

Вале ин ҳама беасос арзёбӣ мегардад, зеро агар Месси ба “Барселона” иҷора дода шавад, пас моҳи июни соли 2024 метавонад дастаро тарк кунад, зеро равзанаи тренсферӣ дар Аврупо ҳамон вақт оғоз мешавад ва гузариши футболбозон аз як даста ба дастаи дигар роиҷ мегардад.

Дар мавриди гузариши Месси ба “Ал-Наср” бошад, ҳоло чизе маълум нест, вале чун расонаҳои боэътимод хабар надоданд, беасос аст.

Оливейра ва Коста ҷароҳат бардоштанд

Дар UFC 294 ду набарди калидии ин мусобиқа тағйир ёфтанд. Якум, бояд чемпиони UFC дар вазни сабук Ислом Махачев бо довталаб Чарлз Оливейра ба майдон мебаромад, вале бо сабаби ҷароҳат бардоштани Оливейра Махачев камарбандашро зидди Алекс Волконовский ҳимоя мекунад.

Президенти ташкилоти UFC Дана Уайт пас аз муроҷиати Чарлз Оливейра бо ҳузури хабарнигорон нишасти фаврӣ ташкил кард ва хабар дод, ки ба ҷойи Оливейра зидди Махачев Алекс Волконовский мебарояд.

— Чарлз Оливейра ба мо баъди ҷарроҳӣ шуданаш хабар дод. Агар пештар мегуфт, мо ҷарроҳони пластикиро равон мекардем ва ҷароҳаташро аз дарун медӯхтанд, ки эҳтимоли аз муҳориба даст кашиданаш кам мешуд. Вале онҳо ин корро накарданд ва ташкилот ба ҷойи ӯ Волконовскийро пешбарӣ мекунад.

Дуюм, бояд дар муҳорибаи дуюми мусобиқа бояд Ҳамзат Чимаев зидди Пауло Коста ба майдон мебаромад, вале бо сабаби ҷароҳат бардоштани варзишгари бразилӣ Пауло Коста, рақиби навбатии Чимаев Камару Усман таъин шуд.

Винисиус интизори гузариши Мбаппе аст

Яке аз ҳамлаварони беҳтарини бошгоҳи “Реал Мадрид” Винисиус Ҷуниор дар мавриди гузариши футболбози фаронсавӣ Киллиан Мбаппе фикрашро баён кард.

— Дар даста ҳама интизори гузариши Киллиан Мбаппе ҳастем. Ӯ ҳоло яке аз беҳтарин бозингарони дунё аст ва мехоҳам дар ҳаёти мо бошад, — гуфтааст футболбози бразилӣ.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш овозаҳо дар мавриди гӯё Винисиус зидди гузариши Мбаппе бошад, зеро ҳарду футболбозон дар як мавқеъ бозӣ мекунанд. Вале чун ин суханҳо аз забони футболбоз баромаданд, дақиқ шуд, ки ӯ зидди гузариш набуда, баръакс мехоҳад ҳамдастаи Мбаппе бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *