“Оши дӯстӣ” дар “Поезди дӯстӣ”. Қаторае, ки баъди 30 сол ба Тошканд расид

Баъд аз сукути тӯлонӣ — 30 сол, дар роҳи оҳани самти Душанбе — Тошканд садои раъдосои поезди мусофирбарӣ баланд шуд. Нахустин поезди Душанбе-Тошканд-Душанбе рӯзи 20-уми июн ба роҳ баромад ва аввалин мусофиронро ба кишвари ҳамсояи Тоҷикистон — Ӯзбекистон бурд.

Саҳни бино ва дохили саристгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе он рӯз намои идона дошт. Анбуҳи зиёди одамон ҷамъ омада буданд ва аз ин санаи фаромӯшнашаванда, сафари нахустин дар масири Душанбе-Тошканд-Душанбе, ки бархе зуд ба он “Поезди дӯстӣ” ном гузоштанд, хурсандӣ мекарданд.

Дар маросими ифтитоҳи хатсайри мазкур вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон иштирок намуда, нахуст бо вазъи дохили вагонҳои қатора шинос шуданд. Азим Иброҳим бо иштирокчиёни сафари мазкур суҳбати самимона доир кард. Ӯ таъкид намуд, ки талош доранд дар ин масир ва дигар хатсайрҳо ба самти Ӯзбекистон сафарҳоро тавассути автобусҳо низ ба роҳ монанд. “Дар ин самт аллакай гуфтушунидҳо идома доранд ва бовар дорам, ки мо ин рӯзро ҳам хоҳем дид”,- гуфт ӯ.

Баъдан, вазири нақлиёти кишвар дар ҳузури доираи васеи хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ аҳамияту манфиати хатсайрҳои мазкурро шарҳ дода, гуфт, ки қабл аз ҳама, ин сафарҳо ба дӯстии амиқ ва хешутабории ҷонибҳо мусоидат мекунанд.

Зимнан, масъулини КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” гуфтанд, ки поезд ҳар ҳафта аз шаҳри Душанбе рӯзҳои душанбе соати 18:30 ҳаракат карда, рӯзи сешанбе соати 13:43 ба шаҳри Тошканд мерасад. Поезди мазкур давоми 21 соат дар роҳ хоҳад буд. Рафти ин сафар аз шаҳри Душанбе тавассути шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Турсунзода, Деҳнав, Шурча, Бойсун, Деҳқонобод, Қаршӣ, Мароқанд, Самарқанд, Ҷиззах, Зомин ва Гулистон сурат гирифта, мусофирон соати 13:43 дақиқа ба шаҳри Тошканд мерасанд. Поезд соати 16:15 дақиқа бо ҳамин масир ба шаҳри Душанбе бармегардад.

Баъди дарёфти маълумоти умумӣ дар бораи хатсайр мусофирон савори поезд шуданд ва он ба ҳаракат даромад. Тӯли роҳ ҳама гуфтумонҳо дар боби шароити олии дохили вагонҳои наву муҷаҳҳаз буд. Бисёриҳо лаб ба таҳсину офарин мекушоданд ва маълум буд, ки аз муносибати неки роҳбаладон низ болидаруҳанд. Мушоҳида мешуд, ки баъди таваққуф дар истгоҳҳои роҳи оҳани Ӯзбекистон ва хориҷ шудан аз онҳо нафарони калонсолтар ба ёди солҳои пешин мерафтанд. Ҳатто бархе изҳори хушҳолӣ карданд, ки акнун муносибату муоширати сарҳадбонон низ нисбати мусофирон ҷиддан тағйир ёфтаву ба андозаи сутуданӣ нарм шудааст. Ба замми ин, дигар дар истгоҳҳо поездро зиёд манъ намекунанд ва тартиби тафтиши ҳуҷҷату бағоҷҳо ҳам содда гардидааст.

Ба ҳамин тартиб, поезд аввал Қаршӣ, баъд Самарқанди машҳурро убур кард. Баъди паси сар шудани Самарқанд масъулони тарабхона эълон доштанд, ки имрӯз бародарони ӯзбек барои мусофирон “Оши дӯстӣ” омода намудаанд. Мусофирон дар “Поезди дӯстӣ” “Оши дӯстӣ” тановул кардаву шукр гуфтанд.

Вақте поезд ба истгоҳи роҳи оҳани Тошканд расид, аллакай мардуми зиёд, аз одамони оддӣ сар карда, то намояндагони табақаву идораҳои мухталифи Ӯзбекистон ва сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода интизори пешвозгирии мусофирон буданд. Сафири Тоҷикистон бо мамнуният мусофиронро истиқбол гирифтаву оид ба дӯстиву ҳамкориҳои мардуми тоҷику ӯзбек сухан гуфт.

Пас аз маросими расмии истиқболи мусофирон ҳайати тоҷикистонӣ бо автобусҳо ба тамошои боғи пурсафои Тошканд роҳнамоӣ шуда, баъди сайругашти оммавӣ баргашта ва тариқи “Поезди дӯстӣ” роҳ ҷониби Душанбе пеш гирифтанд.

Фазлиддин АСОЗОДА

P.S. Бояд гуфт, ки поезди мусофирбар аз 10 вагон — 4 вагони купе, 5 платскарт ва вагон-тарабхона иборат аст. Вагонҳои нави автоматишуда истеҳсоли Украина мебошанд. Дар дохили вагон лавҳа (табло)-и иттилоотӣ дар бораи рӯз, ҷадвал, хатсайр, ҳарорати ҳаво дар дохили вагон насб шудааст. Дар як вагони купе то 54 мусофир сафар карда метавонанд. То истгоҳи роҳи оҳани Кудуклӣ (120-километрии ғарби Душанбе) дар қаламрави Тоҷикистон поезд 6 маротиба таваққуф мекунад: Душанбе-2, Айнӣ, Ҳисор, Чептура, Регар, Пахтаобод. Дар ҳар кадоме аз ин истгоҳҳо поезд муддати 3 дақиқа ва танҳо дар истгоҳи Регар 40 дақиқа таваққуф мекунад. Арзиши билети поезд бо назардошти тахфиф вобаста ба муҳлати фурӯш аз 381,476 сӯм (ҳудуди 373 сомонӣ) оғоз мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *