Косалесон. Аз шӯрбою сағалҳои сергӯшту серравған то “муридони биҳиштӣ”

Дар дунё мисли миллати тоҷик халқи аз лиҳози  зарбулмасалу мақол сарватманд шояд набошад. Вале мақолу зарбурмасалҳо, ки баъзеяшон бо киноя гуфта шудаанд, аз як гӯши мардум медарояду аз дигараш мебарояд.

Зарбулмасалу мақолҳо хислати халқро нишон медиҳанд. Барои мисол, яке аз зарбулмасалҳоро дида мебароем.

Аз он рӯзе, ки дунёро бино карданд.

Савоби  косалесонро ҷудо карданд.

Ин мақолро муллою махсумҳо, эшонзодаҳо сохтаанд. Вақте дар табақҳои калони чӯбин ба назди ҳоҷию мулло, хатиб, эшонзодаҳо дар тӯю худоӣ, дигар маъракаҳо шӯрбою сағалҳои сергӯшту серравғанро меоранд, муридон дар табақчаю лаъличаҳо онҳоро назди хоҷаҳо мегузоранд. Саллакалонҳои бологузари дастархон як-ду нола аз шӯрбо мегиранду чун занбӯр ё дурусттараш, чун пашшаи хира ба сағалҳо мечаспанд. Дар як они чашмзанӣ аз гӯшту пӯст осоре намемонад. Ва сар мекунад ба вазъи биҳишти косалесон. Муридони бечора низ табақҳоро дубораю панҷбора лесида, худро дар биҳишт тасаввур мекунанд. Барои ҳамин аст, ки муллою ҳоҷию эшонҳо сурху буқу бузбалаанду косалесон мурмаҷингу лоғару рангпарида…

Аҷабо, ҳоло ҳам шумораи косалесон мисли замбӯруғи баъди раъду барқу борони найсон замину замонро гирифтааст. Чаро?

Нурулло ҲАСАНОВ, рўзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *