Оши Исфара (Видео)
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон гузориши сеюм аз силсилаи «Саргузашти Ҷефф”-ро нашр кард. Корманди сафорати Амрико Ҷефф, ки ба тоҷикӣ сӯҳбат мекунад, ин навбат мардумро ба чашидани оши Исфара даъват мекунад.
Ҷефф дар ин қисми саргузаштҳояш барои чашидани оши Исфара ба ин шаҳри қадимаи воқеъ дар шимоли Тоҷикистон меравад. Дар оғози ин видеои якдақиқаӣ Ҷефф, ки сари дастурхон дар яке аз ошхонаҳои Исфара нишастааст, гуфт, «мегӯянд ки оши беҳтарини Тоҷикистон дар ин шаҳри зебои Исфара аст. Ман инро имрӯз мечашам.”
Ҷефф баъди чашидани оши Исфара бо як лаҳни хеле тоҷикона ба он баҳо медиҳад: «Гап нест!”
Салом Дустон! Саргузашти Ҷефф дар ш. Исфара.Бо мо бошед!!! #USTAJ25
Publié par U.S. EMBASSY, DUSHANBE, TAJIKISTAN sur samedi 25 mars 2017
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ